Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

мо барбод рафт, балки осудагӣ ва ҳаёти ҳама зеру забар шуд (С.А.). Дар ин мисол ду ҷумлаи пайрави муайянкунанда бо пайвандаки хилофии на танҳо…, балки пайваст гардида, бо пайвандаки ки ба сарҷумла тобеъ шудаанд ва мубтадои онро (аҳволе) шарҳ додаанд.
Ҷумлаи мураккаби тобеъ. Ҷумлаи мураккабе, ки дар он сарҷумла мустақилияти нисбӣ дорад, ҷумлаи пайрав ҳамеша ба он тобеъ буда, мундариҷаи он ё ягон аъзои онро эзоҳ дода, маънояшро равшан ва мукаммал мегардонад. Пайвандакҳои тобеъкунанда дар ҷумлаи мураккаби тобеъ воситаи муҳимтарини алоқаи ҷузъҳо ба шумор мераванд. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ яке аз ҷумлаҳои таркиби ҷумлаи мураккаб нисбатан мустақил буда, ҷумлаи дигар ва ё ҷумлаҳои дигар ба он тобеъ мебошад. Ҷумлаи содаи мустақилро сарҷумла ва ҷумлаи эзоҳдиҳандаро пайрав меноманд. Мустақиливу тобеият нисбӣ ва шакливу грамматикӣ буда, онро дар ифодаи маъно мушоҳида кардан мумкин нест, зеро баъзан сарҷумла маънии асосии фикрро ифода кунад, дар ҳолати дигар ҷумлаи пайрав ҳамин гуна хусусият пайдо мекунад. Инро дар мисоли сарҷумлаи ҷумлаи пайрави мубтадо ва хабар мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин гурўҳ ҷумлаҳо маънои асосиро ҷумлаҳои пайрав ифода мекунанд: Маълум буд, ки мунтазам фикр мекард, афкораш низ муносиби ҳолаш парешону ноором буданд (У.К.). Истилоҳи «пайрав»
хусусияти нисбӣ дорад, зеро баъзан ҷумлаи пайрав нисбат ба ҷумлаи пайрави дигар вазифаи сарҷумларо адо мекунад. Ин дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи сертаркиби дараҷагӣ хубтар ба мушоҳида мерасад: Ҳама хомўш буд, чунки вазифаи ягонаи ҳамаи мо ин буд, ки ҳаракати душманро зери назорат гирем (Ф.Н.). Дар ин ҷумла сарҷумларо ҷумлаи пайрави сабаб ва ҷумлаи пайрави сабабро ҷумлаи пайрави хабар эзоҳ додаст.
Ҷумлаи номуайяншахс. Ҷумлаи содаи бемубтадое, ки хабараш ба шахси сеюми ҷамъ далолат мекунад ва аз рўйи он шахсияти иҷрокунандаи амалро муайян карда намешавад: Имрўз ҳар дуяшонро ҷеғ задаанд (Р.Ҷ.).
Дар ин гурўҳ ҷумлаҳо гўянда (нависанда) диққати асосиро ба амалу ҳолат дода, ба субъект эътибор намедиҳад. Хабари ҷумлаҳои яктаркибаи

пешина
аз 389
навбатӣ