Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

номуайяншахс танҳо бо як шахсу шумора – шахси сеюми ҷамъ ифода мегардад: ва бо шаклҳои гуногуни замонии сиғаи хабарӣ ифода меёбад:
Ўро табобат мекунанд (Ю.А.). Осиёи ин ҷоро вайрон кардаанд, - гуфт Саидқул (С.Т.); Фақат садупанҷоҳ грамм нони сиёҳу ҳамин қадар нони сафед медоданд (Ф.М.). Ҷумлаҳои содаи яктаркибаи номуайяншахс аз ҷиҳати марому мақсад ҳикоягӣ, саволӣ ва хитобӣ мешаванд: Ду-сета навкору сарбозро ҳам зада маиб кардаанд (С.У.). Пас, чаро ўро маҳбус кардаанд? (Ҷ.И.). Отаамро ба тўҳмат мекушанд (С.У.).
Ҷумлаи пайрави замон. Ҷумлаи пайраве, ки замони воқеъ гардидани амали дар сарҷумла бавуқўъомадаро эзоҳ медиҳад ва ба саволҳои кай?, кадом вақт?, аз кай?, то кай?, кай боз ва ғ. ҷавоб мешавад: Нуралӣ ҳаминки аз Шодигул ҷудо шуд, боз парешонии пештара ба хотираш роҳ ёфт (С.У.).
Пайвандакҳои тобеъкунандаи амсоли ки, чун, то, то ки, то он ки, вақте ки, замоне ки, то даме ки, аз бозе ки, ҳамин ки, пеш аз он ки, баробари ин ки яке аз воситаҳои асосии алоқаи ҷумлаи пайрави замон мебошад. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави замон бо ёрии пайвандакҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни феъл ифода меёбад. Амали ҷумлаи пайрави замон бо амали сарҷумла дар як вақт воқеъ мегардад: Вақте ки бойзанак аз хонаи Соро баромада мерафт, аз он ҷо танҳо овози гиряи писарча шунида мешуд (С.А.). Амали ҷумлаи пайрав пеш аз амали сарҷумла ба вуқуъ меояд:
Вақте ки ба поезд нишастам, ман дар ин бора ба падарам савол додам (С.У.). Амали ҷумлаи пайрав пас аз амали сарҷумла воқеъ мегардад: Пётр пеш аз он ки равад, хотири ҳанўз дуруст осуданагаштаи ятими бекасу кўйро ҷамъ карданӣ шуд (Р.Ҷ.).
Ҷумлаи пайрави макон. Ҷумлаи пайраве,ки ҷой ва сўйи амали сарҷумларо шарҳу эзоҳ медиҳад ва ба саволҳои куҷо?, аз куҷо?, то куҷо?, ба (дар) куҷо? ҷавоб мешавад: Дар ҷое ки ў бошад, ба гап ҳамроҳ намешуд.
Ҷумлаи пайрави макон ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, ҷое ки, дар ҷое ки, ба (то) ҷое ки, аз ҷое ки, дар куҷое ки алоқаманд мешавад: Дар ҷое ки зулму ситам ҳаст, он ҷо хароб мешавад (С.А.). Ҷумлаи пайрави макон вобаста ба пайвандак ва вазифааш дар ҷумла пеш ва ё баъди

пешина
аз 389
навбатӣ