Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

сарҷумла меояд: Сайёра моро ба ҷое овард, ки як гурўҳ колхозчиҳо дар таги айвон гулханчае афрўхта, ҳалқа гирифта менишастанд (Ф.М.).
Ҷумлаи пайрави шарт. Ҷумлаи пайраве, ки иҷрои амали сарҷумларо ба ягон шарт вобаста мекунад ва ба саволҳои ба кадом шарт? ҷавоб мешавад:
Агар филм аз ҷиҳати техникӣ ва бадеият сара барояд, монеае нахоҳад пайдо кард (Ф.М.). Ҷумлаи пайрави шарт ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, агар (гар, ар), агар ки, ба шарте ки, дар сурате ки, то, вақте ки, модоме ки, чун тобеъ мегардад. Ҷумлаи пайрави шарт бар эзоҳи калимаю таркибҳои ҳамнисбат меояд: Ҳукми ҳоким ба шарте равост, ки аз шариат берун набарояд (С.У.). Мутобиқати шаклҳои феълӣ – хабарҳои сарҷумлаю ҷумлаи пайрав чун воситаи грамматикӣ хизмат мекунад: Ҳа гуфта маълумоти тоза ба тозаро ҷой кардан гиред, якта-нимта камаҳамиятҳояшро аз шумо нопурсида оҳиста бароварда мепартояд
(Ф.М.).
Ҷумлаи пайрави мақсад. Ҷумлаи пайраве, ки мақсади иҷро гардидани амали сарҷумларо шарҳ медиҳад ва ба саволҳои барои чӣ, ба кадом мақсад ҷавоб мешавад: Ман омадам, ки ба шумо дарди дил гўям (Р.Ҷ.). Ҷумлаи пайрави мақсад бо ёрии пайвандакҳои тобеъкунандаи ки, то, то ки, барои он (ин) ки, ки, барои он (ин) ки, бо мақсади ин (он) ки ба сарҷумла тобеъ мегардад: Ман барои ин омада будам, ки Хайбарро ёфта, ўро хору мол карда, ба ў гўшт хўронда, ўро бо Мирзо оштӣ кунонам (С.А.). Ҷумлаи пайрави мақсад мисли дигар ҷумлаҳои пайрави ҳол бар эзоҳи тамоми сарҷумла меояд. Таркибҳои барои ин (он), аз барои ин (он), барои ҳамин дар таркиби сарҷумла омада, ҷумлаҳои пайравро ба худ тобеъ мекунонанд. Ана ман шуморо имрўз маҳз барои ҳамин ба ин ҷо овардам,ки бо чашми худатон бинеду илоҷашро ёбед, ҷон бародар (Р.Ҷ.).
Ҷумлаи пайрави мақсад бе пайвандак ҳам ба сарҷумла тобеъ шуда метавонад. Дар чунин ҷумлаҳо тартиби ҷумла вазифаи воситаи алоқаро адо менамояд. Яке аз аломати муҳими грамматикии ҷумлаи пайрави мақсад ин аст, ки хабари он бештар бо шакли аористи сиғаи шартӣхоҳишмандӣ ифода меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор