Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

низ ба ҷумлаҳои хитобӣ табдил меёбанд: – Зуд бароед, аскарони сурх пахш кардаанд! (Ҳ.К.).
Ҷумлаи саволӣ. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо фикр ва мақсади гўянда ба тариқи пурсиш ифода меёбад. Дар ҷумлаҳои саволӣ фикре ифода мешавад, ки ба гўянда маълум нест ё ягон нуктаи он чандон равшан нест ва бо ёрии савол онро донистан ё саҳеҳу равшан кардан мехоҳад. Дар ҷумлаҳои саволии аслӣ пурсиш бо мақсади донистан ё равшан кардани ҳодиса ё воқеаи номаълум ё носаҳеҳ воқеъ мегардад. Мисол: – Меравем? – пурсид аз ў Иванамак. - Ҳа, – гуфт духтур… (Ф.М.). Гоҳе дар ҷумла фикр бо оҳанги савол ифода ёбад ҳам, мақсади пурсанда чизеро донистан нест, балки бо ин восита фикри худро пуртаъсир ифода кардан аст. Чунин ҷумлаҳои саволиро ғайриаслӣ ё риторикӣ меноманд: Чӣ гўям? Баромада таърифи ўро кунам? Кўдак буд, қаҳрамон буд, гўям? Чӣ ҳоҷат? (Ҳ.К.).
Пурсиш дар ҷумлаҳои саволӣ бо воситаҳои гуногуни забон ифода меёбад:
а) дар забони тоҷикӣ интонатсияи саволӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини грамматикии ифодаи пурсиш ба шумор меравад: – Шумо дирўз дар фурудгоҳи Душанбе меҳмононро қабул кардед? – Оре, қабул кардам. Б) задаи мантиқӣ барои равшан ифода кардани мақсади пурсанда ёрӣ мерасонад. Ҷонишинҳои саволии кӣ, киҳо, чӣ, чиҳо, чӣ гуна, чӣ қадар, чандум, кадом, зарфҳои кай, куҷо, чанд, чаро дар таркиби ҷумлаҳои саволӣ омада, мақсади пурсандаро равшан ифода мекунанд: Ман…
фарёдкунон пурсидам: – Эй халқи Худо! Ман кистам ва шумо чӣ хел одамед? Ин ҷо куҷост? (Чор дарвеш). Пурсиш на танҳо бо ҷумлаҳои сода, балки бо ёрии ҷумлаҳои мураккаб низ ифода меёбад: Ҳамин қадар воқеаҳо шудаасту ба ман як даҳан нагуфтӣ-а? гилаомез гуфт Нигор ашки чашмонашро пок карда истода (Ҳ.С.).
Ҷумлаи сода. Ҷумлае, ки дар таркиби худ танҳо як воҳиди хабарӣ дорад. Ҷумлаи сода фикреро инъикос менамояд, ки шакли нисбатан мухтасари аввал, охир ё ояндаи амалу ҳодисаи баёншаванда мебошад.
Ҷумлаи сода заминаи воқеии ҷумлаи мураккаб ба ҳисоб меравад. Вале дар таркиби ҳама гуна ҷумлаи мураккаб маънои озод ва заруриро ифода

пешина
аз 389
навбатӣ