Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

карда наметавонад. Дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб ҷумлаҳои сода хусусияти такмилдиҳӣ, эзоҳдиҳию эзоҳёбиро мегиранд. Дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ин хусусият бештару хубтар зоҳир мешавад. Масалан, дар таркиби ҷумлаи мураккаби Комил, пеш аз он ки бо ҷўрааш Акрамча видоъ кунад, ба гўши вай пичирросзанон чизе гуфт (А.Д.) Ҷумлаи содаи пеш аз он ки ба ҷўрааш Акрамча видоъ кунад, ҷудо карда шавад, ноқису норавшан монда, хонанда маънову матлаби дилхоҳро пайдо намекунад.
Вале ба мазмуну маънои ҷумлаҳои содаи зер, ки онҳо алоҳида зикр мешаванд, хонанда ё шунаванда ба хубӣ мефаҳмад, ки мақсад чист, сухан дар бораи кӣ ё чӣ меравад: Кампир дар айёми ҷавониаш бисёр хушрўй будааст (Ҳ.К.). Дар муқаррар намудани маъно ва мафҳуми пурраи ҷумлаҳои сода сиғаҳои феълӣ, феълҳои ёридиҳанда, бандакҳои феълию хабарӣ ва оҳанги гуфтор нақши муҳим доранд. Масалан, сиғаи хабарӣ ва шаклҳои гуногуни замонии он бо иловаи оҳанги мўътадил асосу бунёди ҷумлаи ҳикоягианд: Дар он зиёфат ошро ман мепухтам ва дигар хизматҳоро ҳам мекардам (С.А.).
Ҷумлаи умумишахс. Ҷумлаи содаи яктаркибае, ки иҷрокунандаи амал ба таври умумӣ ифода ёфта, хабар бо шакл ва шахсҳои гуногуни феъл ифода шуда, аз рўйи он иҷрокунандаро аниқ муайян кардан имконпазир аст. Ин гуна ҷумлаҳо маъноеро ифода мекунанд, ки он дар натиҷаи таҷрибаи тўлонии ҷамъиятӣ, хулосаю натиҷагирии одамон ба амал омадааст,ки онро ҳамаи аъзоёни ҷамъият онро як хел қабул мекунанд. Меъёри асосӣ ва ҳалкунанда дар муайян намудани ҷумлаи умумишахс ҷиҳати маъноии худи ҷумла мебошад. Ҷумлаҳои яктаркибаи умумишахс ба амале далолат мекунанд, ки он ба умум тааллуқ дорад: Аз душмани дўстрў бипарҳез. Гап зану қандатро хўр (Ю.А.). – Аз худат эҳтиёт бош, ҳамсояро дузд магир – мегўяд мақоли халқ (Ф.М.). Дар чунин ҷумлаҳо бо шумораи танҳо ифода гардидани хабар серистеъмол аст.
Чунин ҷумлаҳо ба зарбулмасалу мақолҳо хос аст: Сухани ростро аз бача шунав. Гап зану қандата хўр (Ю.А.). Дар ҷумлаҳои умумишахс ба вазифаи хабар бештар шахси дуюми танҳои аорист меояд: Аз гунҷишк

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор