Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

ҷумла ва таносуби оҳангии он бо ҷумлаҳои дигар), услубӣ (анафора, эпифора ва дигар усул ва саноати бадеиву лафзӣ, ки робитаи услубии як ҷумларо бо ҷумлаи дигар таъмин менамояд. Банди синтаксисиро ҳамчун ҷузъи таркибии матн медонанд, ки аз нигоҳи ифода, изҳори назар ва баёни мақсад дар дохили матн қисматҳои ҷудогонаро муаррифӣ мекунад. Аз нигоҳи дигар банди синтаксисӣ гурўҳи ҷумлаҳои ба ҳамдигар алоқаманди ба итмомрасидае, ки воҳиди махсусӣ-услубиро ташкил медиҳанд.
Муносибати маъноии ҷумлаҳои мустақил дар банди синтаксисӣ бо ёрии воситаҳои гуногун ба ҳамдигар алоқаманд мешавад: воҳидҳои луғавӣ (такрори калимаҳои ҷудогонаи ҷумлаи аввал дар ҷумлаҳои минбаъда, корбурди ҷонишинҳои шахсӣ ё ишоратӣ, зарфҳои ҷонишинӣ: баъд аз он, он вақт, он ҷо, дар он ҷо, ҳамин тавр ва ғ., ки вазифаи алоқамандкуниро иҷро мекунанд), морфологӣ (муносибатҳои замонии шаклҳои феълӣхабарӣ дар ҷумлаҳои алоқамандшаванда), синтаксисӣ (тартиби калима ва ҷумла, пайвандакҳои хилофии аммо, вале, лекин, балки дар ифодаи пайваст, ҷумласозиҳои бо ҳам мувозӣ), воситаҳои мелодикӣ (интонатсияи унсурҳои ҷузъӣ ва яклухти ҷумла), услубӣ (такрорҳои якхела дар аввал, дар интиҳо ва ё доира – чанбараи луғавӣ). Ба банди синтаксисӣ инчунин гурўҳи ҷумлаҳои ба шарҳу эзоҳи як амал ё ҳолат, ҳодисаю воқеаҳо нигаронидашуда дохил мешаванд.
Баробартобеъшавӣ (ниг.: ҷумлаҳои пайрави чида ва чумлаҳои пайрави ғайричида).
Беаффикс (ниг.: тарзи калимасозии морфологӣ).
Безада. Дар талаффузи алоҳида, берун аз бофтаҳои гуногун на танҳо калимаҳои мустақилмаъно, балки калимаҳои ёридиҳанда, морфемаҳо ва ҳатто фонемаҳо мисли калимаҳои мустақилмаъно дорои зада мебошанд, вале дар матн, дар таркиби воҳидҳои калонтар (фонемаҳо дар таркиби ҳиҷоҳо, морфемаҳо дар таркиби калимаҳо ва калимаҳо дар таркиби синтагмаҳо дорои мустақилияти фонетикии якхела нестанд ва бо зада талаффуз намешаванд). Вобаста ба ҷояшон нисбат ба калимаҳои мустақилмаъноанд, унсурҳои безадаро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: аз

пешина
аз 389
навбатӣ