Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

калима морфемаҳое, ки пеш аз калимаҳои асосӣ меоянд (проклитикаҳо) ва б) калима ва морфемаҳое, ки пас аз калимаи заданок истифода мешаванд (энклитикаҳо).
Беҷарангшавӣ. Ҳодисаи беҷарангшавӣ дар монандшавии комил мушоҳида мешавад. Масалан, ҳамсадои д, ки аз т бо як аломат – беҷарангӣ фарқ мекунад (аломатҳои дигар зичӣ, пешизабонӣ ва ғайридимоғӣ барои ҳар ду фонема умумӣ мебошанд) дар калимаҳои бадтар ва садто дар ҳамнишинии [дт] омада, ин аломатро аз даст додаст ва ба хамсадои беҷаранги [т] комилан монанд шудааст: [баттар], [сатто].
Бемубтадо (ниг.: ҷумлаи бешахс).
Бепешоянд (ниг.: алоқаи бепешоянд).
Бесубъект (ниг.: ҷумлаҳои бешахс).
Бефоил (ниг.: ҷумлаи бешахс).
Бехат (ниг.: забонҳои бехат).
Бешахс (ниг.: ҷумлаи бешахс).
Билингизм (аз лот. bi-, дар калимаҳои мураккаб-дугона, дугуна ва lingua - забон) – истифодаи якчанд забон дар ҳудуди умумияти иҷтимоӣ (пеш аз ҳама давлат); истифодаи якчанд забон аз ҷониби фарде ё гурўҳи одамон. Бисёрзабонии фардӣ ва «миллӣ»-ро фарқ мекунанд. Бисёрзабонӣ бештар хоси халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, Амрико, Ҳиндустон, Нигерия мебошад. Дар шароити Тоҷикистони имрўза аксари ўзбекзабонон ва сокинони Вилояти Бадахшони кўҳи дузабонаанд.
Теъдоди муайяни шаҳрвандон сезабонаанд ва забонхои тоҷикию русию ўзбекиро хуб медонанд ва гурўҳи маҳдуд ба ғайр аз забонҳои зикргардида боз яке аз забонҳои байналмилалӣ (бештар забони англисиро) низ медонанд. Адибони ба ду забон эҷодкунандаро «зуллисонайн» (донандаи ду забон) меномиданд. Масалан, Мир Алишери Навоӣ девони форсиашро бо тахаллуси Фонӣ ва девони туркӣ-ўзбекиашро бо тахаллуси Навоӣ эҷод намудааст. Билингвизм дар адабиётшиносӣ: – нависандагоне, ки дар ду забон баробар (озод) асар эҷод мекунанд. Чунончи, Чингиз Айтматов (русӣ-қирғизӣ), В.Набоков (англисӣ-русӣ), Василий Быков (русӣ-

пешина
аз 389
навбатӣ