Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Вергул (аз лотинии virgula) – аз ҷумлаи аломатҳои китобатест, ки дар дохили ҷумла гузошта мешаванд. Вергул (,) мавридҳои зерини истифода дорад:

  1. аъзоҳои чидаи ҷумларо, ки дар байни онҳо пайвандакҳои ва, -у, (- ю) наомадаанд, ҷудо менамояд: Дар лаби ин ҷўйча дарахтони себ, зардолу, гелос, олуболу, дўлона, нок, мурўд шинонида шудаанд (С.А.).
  2. мухотабро ҷудо менамояд:
    Вақти он аст,
    Эй қалам,
    Буррандатар гардӣ зи теғ! (Ҳ.Ю.).
  3. воҳидҳои туфайлиро ҷудо менамояд:
    Лекин, мутаасифона, Зариф гоҳе насиҳати падарро фаромўш мекард
    (А.Ш.).
  4. аъзоҳои истисноии ҷумларо ҷудо мекунад:
    Мо, талабагон, дар шабҳои барф ҳам такрори рўйисаҳнии худро тарк намекардем (С.А.).
  5. нидоро ҷудо мекунад:
    Эй кош, ба олам то чашм кор мекард, Дил буду одам онро қурбони ёр мекард (А.Л.).
  6. ҳиссачаҳоро ҷудо мекунад:
    – Ҳа, чӣ? Фаромўш кардӣ, дар бачагӣ ҳар рўз гўштӣ мегирифтем. Ба назарам, ду-се бор туро афтонда будам-ку! (Ф.М.).
  7. ҷумлаҳои содаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандакро ҷудо мекунад:
    Насими баҳор зулфони Гуландомро ба ҳар сў парешон месохт, овози шир-шири об бо савти мурғон аз дур шунида мешуд (П.С.).
  8. дар ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрав ва сарҷумларо ҷудо менамояд:
    Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд, Навиштанрову гуфтанро нашояд (Н.Г.).
  9. дар нутқи айнан нақлшуда сухани гўяндаро ҷудо менамояд:
пешина
аз 389
навбатӣ