Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

шаванд ҳам, қобили таҷрид мебошанд. Воҳидҳои забарзанҷириро просодия низ меноманд.
Воҳидҳои фразеологӣ - фразеология (аз юн. Phrásis – ифода ва logos
– калима, таълимот) – 1) фасли забоншиносӣ, ки таркиби фразеологии забонро меомўзад; 2) маҷмўи фразеологияҳои ин ё он забон. Фразеология воҳидҳои забониеро фаро мегирад, ки аз пайвасти ду ва ё бештар аз ду калима иборат буда, таркибан устувор ва тағйирнопазиранд. Воҳидҳои фразеологӣ чун воситаи тайёри забонӣ дар қолаби рехта истифода мешаванд. Воҳидҳои фразеологӣ аксар муодили образноки калимаҳои ҷудогонаанд. Дар ифодаи: «Имрўз нашавад, фардо амиру вазирро нест мекунанд» таркиби нест кардан маънои барҳам доданро ба тарзи муқаррарию одӣ ифода менамояд. Устод Айнӣ ба ҳамин маънӣ муодили фразеологии ин таркиб лингро аз осмон овардан-ро ба кор бурдааст:
Имрўз нашавад, фардо линги амиру вазирро аз осмон меоранд. Воҳидҳои фразеологӣ, мисли калимаҳо, услубан аз якдигар фарқ мекунанд. Онҳоро аз рўйи соҳаи истеъмол ва хосияти таъсирбахшию эҳсосашон ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) Воҳидҳои фразеологие, ки тобиши муасир ва эҳсосӣ надоранд. Чунин воҳидҳо аз хосияти образнокӣ ва баҳодиҳӣ маҳруманд:
даст мондан (имзо кардан), роҳи оҳан, қафаси сина, Дубби Асғар, Роҳи Каҳкашон, шуоъи кайҳонӣ; б) Воҳидҳои фразеологие, ки дорои хусусияти муассир ва эҳсосианд. Ин навъ фразеологизмҳо бо образнокиашон фарқ мекунанд ва аз муҳимтарин захираю имкониятҳои услубӣ ба шумор мераванд: гурехтан – думро хода кардан, хўрдан – ба таги бинӣ задан, хушомад кардан – патаку пайтоба шудан, зарар расонидан – ба реша намак гўр кардан. Воҳидҳои фразеологии муассир ба навъҳои омиёна (гуфтугўӣ) ва китобӣ ҷудо мешаванд. Фразеологизмҳои омиёна хоси услуби гуфтугўианд. Онҳо дар осори бадеӣ, дар суханҳои намояндаи мардуми омӣ зиёд истифода мешаванд: Бародар «об аз боло лой», ҳокимони мамлакат ҳам тарафи боёнро мегиранд. Мо, бечорагон, ба пеши онҳо даҳон кушода наметавонем, ҳоким ҳам тарафи онҳо, қозӣ ҳам тарафи онҳо, раис ҳам тарафи онҳо, ҳатто, амир ҳам тарафи онҳо (С.А.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё