Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Грамматика (юн. grammatikē). Қисми забоншиносӣ, ки дар бораи тағйирёбии калима, сохту сохтори калима, анвои ибораю навъҳои ҷумлаҳо маълумот медиҳад. Истилоҳи грамматика дар забоншиносӣ ба ду маъно ба кор бурда мешавад: ба маънои сохти грамматикии забон ва ба маънои таълимот дар бораи сохти грамматикии забон. Грамматика ба ин маъно маҷмўи қоидаҳо дар бораи тағйироти калимаҳо ва алоқаманд шудани онҳо дар ҷумла мебошад.
Грамматикаи таърихӣ. Грамматикае, ки сохти калима, ибора ва ҷумларо дар марҳалаҳои гуногуни инкишофи онҳо меомўзад.
Грамматикаи тасвирӣ. Грамматикае, ки сохти калимаҳо, ибора ва ҷумларо дар сатҳи синхронӣ (ҳамзамонӣ) таҳқиқ мекунад. Грамматикаи шаклӣ. Грамматикае, ки муносибатҳои шаклию зоҳирии вобаста ба сохти калимаю ибораю ҷумларо меомўзад. Грамматикаи илмӣ. Грамматикае, ки соф назариявӣ буда, дар заминаи тадқиқотҳои илмии баанҷомрасида таҳия шудааст. Грамматикаи мантиқӣ. Грамматикае, ки дар заминаи категорияҳои мантиқӣ: мафҳум, муҳокима, хулосабарорӣ тартиб ёфтааст.
Грамматикаи муқоисавӣ. Грамматикае, ки хусусиятҳои шаклию сохтории калимаҳо, ибораҳо ва ҷумлаҳоро дар асоси муқоиса: умумияту тафовутҳои забонҳои хеш ё гуногунсохторро меомўзад. Грамматикаи меъёрӣ. Грамматикае, ки меъёрҳои забониро муайян мекунад, яъне шаклҳои дурусти калимаҳо ва қолабҳои саҳеҳу дурусти ибораю ҷумлаҳоро муқаррар мекунад.
Грамматикализатсия (грамматикашавӣ). 1. Аз байн рафтани маънои мустақили луғавии калима дар натиҷаи ҳамчун вожаи ёридиҳанда истифода шудани он. Муқ. Акрам ба хона раваду наояд, чӣ мешавад?
Раваду борон борад. 3. Дар шакли аналитикии калима ифода шудани ибора: ниҳоят хуб – хубтарин, аз ҳама хуб; аз ҳама калон – калонтарин.
Граммема (анг. grammeme). 1. Воҳиди хурдтарини сатҳи грамматикӣ. 2. Воҳиди хурдтарини маънои грамматикӣ.
Графема (анг. Grapheme). Воҳиди асосии сохтории забон, ки шомили системаи гуна-варианти хаттии ин ё он забон мебошад).

пешина
аз 389
навбатӣ