Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Густариши маъноӣ. Зиёд шудани ҳаҷми маъноии калима дар ҷараёни инкишофи таърихӣ ё дар контексти истифодаи он дар нутқ. Бисёр маъноҳои ба ном иловагӣ, таърихан мақоми маънои асосиро доштанд.
Калимаи ифлос, ки ҳоло ба маънои асосии «чиркин» дар истеъмол аст:
либоси ифлос, табақи ифлос дар гузаштаи начандон дурр ба маънои «муфлис, камбағал» ба кор мерафт. Ин калима дар байти зерини Исо Махдум ба ҳамин маъно омадааст:
Зи умрам сӣ гузашту ман ҳамон дар қайди ифлосам, Ба панҷоҳу чиҳил шояд раҳам аз шасти қашшоқӣ.
Калимаи гилем, ки ҳоло маънои «палоси пашмин»-ро дорад, дар гузашта ба маънои «чакман» низ ба кор мерафт:
Гилеми саодат яке бар сараш,
Гилеми шақоват яке дар бараш. (Саъдӣ).
Чунин тағйиротро дар низоми маъноии калимаҳои серистеъмолу фаъоли ҷалоҷин, кўса, дўл, масолеҳ, таклиф, савганд мушоҳида кардан мумкин аст.
Гуфтор ё сабки машваратӣ. Истилоҳест, ки барои ишора ба сабки сухангўӣ мавриди истифода дар гуфтугў бо афродидигар бакор меравад.
Яъне афроде, ки таҷоруб ва иттилооти қаблии гўяндаро надоранд ва ба ҳамин далел ба иттилоот ва савобиқе пеш аз он чи ки дар гуфтори муҳоравӣ мавриди истифода қарор мегирад ниёзманданд.
Гуфтор. Воҳиди иттилоот, ки дорои тамомияти маъноӣ мебошад.
Гуфтор бо ҷумла баробар буда метавонад ва иттилооте буда метавонад, ки дар қолаби ҷумлаи сода (калима-ҷумла, луқмаи ҷавобӣ дар муколама намеғунҷад). Гуфтор ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ номи бобҳои ҷудогонаи достонҳои ишқии романтикӣ ва ҳамосавии классикист.
Гуфтори пайваста: каломи пайваста. Забони гуфторӣ ба ҳангоме, ки ба сурати занҷираи пайваста мавриди таҷзия ва таҳлил қарор мегирад.
Дар муқобили таҷзия ва таҳлили вожаҳо ва овозҳо ба сурати мунфарид ва ҷудо.

пешина
аз 389
навбатӣ