Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

сохторҳо ва вожаҳои он ошно набошанд. Тибқи назарияи фарогири забони (Кращен) дарундоди қобили фаҳм шарти лозим барои фарогири забон дувум аст.
Дастнавис (мусаввада) - нутқи хаттӣ (китобатӣ), ки аз тарафи муаллиф ба коғаз сабт карда мешавад: дастнависи ҳикоя, қисса, роман, рисолаи илмӣ.
Дастури вобастагӣ. Назарияи дастурист, ки феълро воҳиди марказӣ ва муҳимтарин воҳид медонанд. Феълҳоро бар тибқи гурўҳҳои исмӣ, ки барои такмил ё тамом кардани ҷумла лозим доранд, табақабандӣ мекунанд. Ин теъдодро зарфияти он феъл меноманд. Ин навъ дастур ба таври умда дар Фаронса ва Олмон тавсиа пайдо карда ва бо бисёре аз дастурҳои дигар ба хотири рўйкарди феъл – меҳваре, ки дорад, мутафовут аст.
Дастури тавсифӣ. Дастуре, ки тавсиф мекунад як забон чӣ гуна гуфта мешавад ва чӣ гуна навишта мешавад ва ҳукм ё таҷвиз намекунад, ки чӣ гуна навишта шавад ё гуфта шавад. Масалан, барои яке аз гунаҳои ғайримўътар забони инглисӣ дастури тавсифӣ бинависанд, чунин дастуре мумкин аст, нишон диҳад, ки гўяндагони он чунин забонӣ гоҳ (баъзан) ба ҷойи он ки бигўянд saw him мегўянд seen ’im.
Дафтар (ар. – дастаи варақҳои пасиҳам дўхташуда барои китобат).
Дафтар дар адабиёт ба маънои китоб, маҷмўа, асари навишташуда, қисм ё ҷузъи ҷудогонаи достон, маснавӣ ва ғайра истифода мешавад. Чунончи, Абдураҳмони Ҷомӣ қисмҳои маснавии «Силсилат-уз-заҳаб»-ро дафтари якум ва дафтари дуюм номидааст. Ҷалолиддини Румӣ низ ба ҳар 6 қисми асараш «Маснавӣ» дафтар ном мондааст.
Двандва (dvandva compound). Калимаи мураккабе, ки дар байни ҷузъҳояш алоқаю муносибати пайваст дида мешавад.
Дебевит (англ. debevite, фр. dibitif, олм. debitiv). Шакли категориявии сиға дар забонҳои балтикӣ, ки вазифаро ифода мекунад.
Девокализатсия. (ниг.: беҷарангшавӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё