Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

умумӣ ва фарқкунанда доранд: тадриҷан шакли устувори меъёрӣ пайдо кардан, аз шеваҳо боло истодан умумияти забони адабии ин давраҳост.
Дар давраи миллат забони адабӣ хеле инкишоф ёфта, нишона ва вазифаҳои нав пайдо мекунад. гуногунсоҳавӣ, тақсимоти услубӣ, намудҳои хаттию гуфтугўии забони адабӣ дар ин давра хеле барҷаста зоҳир мешавад. Хусусияти умумӣ пайдо карда, ба шеваҳо таъсир расондан ва доираи истифодаю интишори шеваҳоро маҳдуд намудани забони адабӣ маҳз дар давраи давлатдорию соҳибистиқлолӣ имконпазир мегардад.
Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ забони адабӣ дар системаи забони миллӣ ба пояҳои банди инкишоф мерасад ва мақому мавқеи асосӣ пайдо намуда, ба забони умумихалқӣ табдил меёбад.
Забони барномасозӣ, системаи аломатҳое, ки барои ифода ва навишти ҳалли масъалаҳо дар дастгоҳҳои ҳисобиэлектронӣ истифода мешавад. Аз рўйи истифода ин гуна забонҳоро ба барномасозии дастӣ ва барномасозии автоматӣ ҷудо мекунанд. Мазмунан забонҳои барномасозиро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд: забонҳои алгоритмӣ, забонҳои ғайриалгоритмии формалӣ ва системаи аломатҳои пурра формалишуда.
Забони бехат. Забоне, ки дар мубодилаи афкор хати худро надорад.
Ҳамаи забонҳои халқҳои шарқи дурр, Сибир; забонҳои помирӣ (шуғнонӣ, вахонӣ, рўшонӣ), забони яғнобӣ, толишӣ, тотӣ, булуҷӣ низ забони бехат мебошанд.
Забони бохтарӣ. Бохтар яке аз навоҳии кадимтарини фарҳанги ориёӣ, қадимтарин кишваре буд, ки дар саргоҳи Амударё ва поёноби шохобҳои рости он – Вахш, Кофарниҳон ва Сурхандарё воқеъ гардида, аз шимол бо қаторкуҳҳои Боботог, аз ҷануб бо Ҳиндукуш худо мешуд. Он дар ҳудудҳои имрўзаи Афғонистони шимолӣ, Тоҷикистони ҷанубӣ ва Ӯзбакистони Ҷанубӣ рост меомад. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ (ибтидо ва миёнаи ҳазораи I п. аз м.) аҳолии он ориёизабон буд. Дар миёнаҳои ҳазораи I п. аз м., вақте ки Бохтар яке аз сатрапияҳои канории шарқии империяи Ҳахоманишиён буд, забони бохтарии қадим аз шеваҳои дигари шарқии эронии қадим фарқи ҷиддӣ надошт. Солҳои 329 – 327 Бохтар аз тарафи ҷангиёни Искандари

пешина
аз 389
навбатӣ