Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

таърихӣ ба вуҷуд оварда мешавад, мас., забони мабдаи (нахустзабони) ҳиндуаврпуоӣ, ҳинду ориёнӣ, ориёӣ (протоэронӣ). Мавҷудияти забони мабдаъ ҳамчун забони мукаммалу ягона дар давраи қабл аз таърих баҳснок аст. Шояд дар давраи қабл аз таърих забони мабдаъ гурўҳ ё маҷмўи шеваҳои ба ҳамдигар хеле наздик будааст, ки тадриҷан дар натиҷаи инкишофи мустақилона дар давраи муайяни таърихӣ ба забонҳои алоҳида ҷудо шудаанд. Забони мабдаъро комилан ва қатъӣ муқаррар кардан мумкин аст, ба шарте ки мавҷудияти он забон ба ягон давраи таърихӣ рост ояд (мас., забонҳои романӣ, ки нахустзабони онҳо забони лотинии халқӣ ҳисоб меёбад). Унсурҳо ва шаклҳои забони мабдаъро архетин ва айниятҳои архетинҳоро дар давраҳои минбаъдаи инкишофи забон рефлекс меноманд.
Забони матбуот. Забони матбуот аз забони хаттӣ қариб фарқ намекунад. Фарқи он аз забони хаттӣ (китобатӣ) танҳо дар дараҷаи истеъмоли системаҳои забонӣ мебошад. Забони матбуот варианти пурқувват ва серистеъмоли забони хаттист, ки барои зудтар ва бе ҳеҷ мамоният фаҳмидани мақсад мусоидат мекунад.
Забони мидёнӣ. Дар ибтидои ҳазораи аввали то милод саросари ноҳияҳои ҳавзаи дарёҳои Ому ва Сир сарзамини ориёиён буд. Дар шимоли ин сарзамин, воҳаҳои баҳри Арал, ки макони зуҳури паёмбар Зардушт аст, маркази мазҳабиву сиёсии оини маздаясно аст. Дар ин даврон қавмҳои мод ва порс дар сарзамини ошуриён ҷойгир шуда буданд. Соли 615 то мелод подшоҳи Мод Ҳувахшатр бо подшоҳи Бобул дар якҷоягӣ подшоҳии Ошурро шикаст медиҳад. Бегумон дар давлатдории Мод хазинаи ҳуҷҷатҳои расмию давлатӣ ва коргузорӣ мавҷуд будааст. Ҳатто Ҳеродот – муаррихи юнонӣ, менависад, ки аз оғози асри VIII-уми то милод дар давлатдории мидёниҳо шоҳони Мод амру фармон ва асноди мурофиотро менавистаанд. Шоҳи Мод навиштаҳоро қабул медошт ва худ амру фармон содир мекард. Дар робита бо ин ҳукм Парвиз Нотили Хонларӣ мегўяд, ки дабирони бегона дар дарбори Шоҳи Мод мавзеи шикоят ва дифоъро бо забони мутадовил менавиштанд ва назди шоҳ ба забони мидёнӣ тарҷума мекарданд. Ақидае низ роиҷ аст, ки хатти мехӣ аввалан ба

пешина
аз 389
навбатӣ