Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шарқии эронии миёна буда, дар ташаккулёбии забони тоҷикӣ нақши муҳим дорад. Дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ луғоту истилоҳоти забони суғдӣ хеле фаровонанд ва то ба имрўз истеъмол мешаванд. Сарчашмаҳои хаттии забони суғдиро чунин тасниф кардан мумкин аст: - маҷмўи ҳуҷҷатҳои гуногуни кўҳи Муғ; - матнҳои гуногун, ки дар танга, зарфҳои нуқра, хуму хумпора, пўст ва матоъ навишта шудаанд ва аз мавзеъҳои гуногун ёфт шудаанд; - китобҳои гуногун бо матни дини буддоӣ /vessantara/ jataka, Сутраи нохунҳои дароз, Сутраи сабабу натиҷа, иқтибосҳои гуногун аз он китобҳо; - матнҳои иқтибосии гуногуни монавӣ (аз ҷумла матн бо номи афсонаҳои суғдӣ); - матнҳои насронӣ (ба монанди «Саргузашти Георгии Муқаддас»).
Манбаъҳои хаттии мансуб ба забони суғдиро аз рўи макони дарёфтшуданашон ба гурўҳҳои гуногун худо кардан мумкин аст. Ба забони суғдӣ, ки забони муошарати халқиятҳои гуногун дар Шоҳроҳи Абрешим (lingua transa) буд, аз забонҳои чинӣ, санскрит, ошурӣ, порсии миёна ва юнонӣ адабиёти фаровон тарҷума шудааст. Мазмун ва мундариҷаи осори тарҷумашуда ба дину оинҳои гуногун ва асосан ба дини буддоӣ, насронӣ ва монавӣ мувофиқат мекард.
Забони табиӣ - забон ба маънои аслию ҳақиқиаш, забони инсон чун олоту воситаи муҳимтарини мубодила ва воситаи ташаккулёбии ифодаи фикр.
Забони таҳсил - гунаҳо ё намунаҳои хоси забон, ки дар ёдгирии мавзўот ё матолиби дарсӣ дар ҳини таҳсилоти расмӣ бакор мераванд.
Тасаллут бар забони таҳсил бо мизони савод ва мавқеиятҳои таҳсил марбут аст. Ёдгории истилоҳоти хос, анвои матнҳо, вижагиҳо ва гунаҳои гуфтории хос дар ҳавзаҳои гуногуни таҳсилӣ (назири таърих ва риёзиёт) аст.
Забони тоҷикӣ. Забони тоҷикӣ аз қадимулайём аз аъмоқи асрҳо мероси гаронбаҳоеро то ба имрўз оварда расонидааст. Забони тоҷикӣ, порсии муосир ва дигар забонҳои эронӣ таърихи ягона дошта, дар ибтидо аз рўи хусусиятҳои гуногуни грамматикӣ ба ҳам наздик буда дар тўли асрҳои дурудароз ҳар яке аз он забонҳо хусусиятҳои ба худ хосро соҳиб шудаанд. Ин худ раванди ногузири таърихист, ки забонҳо инкишоф меёбанд, тавсиа меёбанд ва дар ин ҷои

пешина
аз 389
навбатӣ