Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа
БОДОВАРДАРО МЕБАРАД БОД...
Роман
Гирдбод баргҳои хазонгаштаи дарахтонро ба коми хеш кашида, сураъаташро дучанд мекард. Ба ҷуз баргҳои хазонгаштаи аз фарш ба арш хеста боз коғазу коғазпораҳои атрофи дӯконҳо ва берун аз ахлотқуттиҳои сари роҳ афтода низ ба осонӣ таслими ин офати заминӣ шуда, чун акробатҳои моҳир ба ҷастухез даромада буданд...
Гирдбод дар кӯчаи калон гоҳе ба биноҳои баландошёна бурхӯрда самти ҳаракаташро каме ҳам бошад, тағйир медод ва дар ин ҳолат қисме аз лашкари хешро бой дода мерафт, то боз дар самти ҳаракаташ ба пирӯзӣ ноил шаваду шумораи аз даст додаи аскаронашро ҷо ба ҷо намояд.
Роҳгузарон ҳаракати гирдбодро дида баҳри ҳифзи чашмони хеш, лаҳзае чашм мепӯшиданд ва ё пушт ба тарафи он офати бархеста мегардониданд ва чун гирдбод тани онҳоро палмосида гузашта мерафт, чашм мекушоданд, сару либоси хешро ғуборолуд дида, изҳори нигаронӣ мекарданд. Ғуборолуд гуфтан ин кам аст, чунки гирдбод ба ҷуз баргҳои дарахтони ба арш бардоштааш, ки маҳсули табиат буданд, боз коғазу коғазпораҳои аз беандешагӣ ба паҳлуи роҳ партофтаи инсонҳоро “чун туҳфа” дубора ба сари худи онҳо мезад...
Мисли оне ки оби ҷӯй ба новаи осиё даромада, сарозер ба поён баҳри ба ҳаракат даровардани чархи осиё мерезад, гирдбоди ба хашмомада низ дар охири кӯча ба самти чап тоб хӯрда, аз назари банда, ки шоҳиди бевоситаи ҳаракаташ будам, пинҳон шуд, вале...
Ҳамин ҳодисаи табиат сабаб шуду ҳодисаи шаби гузашта боз пеши назарам омад...
Дишаб, аниқтараш соате пеш аз дамидани субҳи содиқ, навбатдори ШКД мо аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотиро бо бонги хатар сари по рост намуд ва то ҳамин лаҳза банда ҷои нишаста хешро наёфтам...
Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намуданам, кушторҳои зиёдеро дидаам, вале чунинашро...
Тафтишот то кунун дар он андеша аст, ки касе қасд ба ҷони соҳибхона намудааст, вале тири ғайб синаи дигареро шикофта ва боз дар куҷо?
Аз лаҳзаи аввали ба ҷои ҳодиса рафтан худи ҳамин суол моро ором нагузошт, ки нагузошт. Ҳамагон донистан мехостанд, ки чӣ тавр Мирзои Абдураззоқ дар соати чори субҳ вориди хонаи ҳамсоя шуда, худро ҳадафи тири қотил намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё