Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Соҳибхона-ҷавонзани бистусесола Матлубаи Гурез ба хотири ифшо нашудани ин асрори ниҳон чӣ талошҳое накард, вале...
Ӯ ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки баъди чунин корнамоиҳояш боғбон пеш аз ҳама даҳони обмӯриро маҳкам мекунад.
“Як бор ҷастӣ малахак, ду бор ҷастӣ малахак, охир ба дастӣ малахак,” гуфтани мардум беҳуда набудааст.
Чун рӯбоҳи дар боғ монда Матлубаи Гурез ҳам баҳри аз варта берун омадан ҷаҳду талошҳои зиёде кард, вале вай як ҳолатро ба инобат нагирифта буд, ки дурӯғ ҳам чун лойи хушкшуда аст. Лойи хушк бошад, ҳаргиз ба девор намечаспад...
-Акнун чӣ мешавад?- ниҳоят бо овози хазин пурсид вай.
-Дигар чӣ ҳам мешуд?- ба суоли ноҷои вай посух дод муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз, ки қариб ҳамсину соли ҷавонзан буд.
-Шумо манро нафаҳмидед.
-Чияш нофаҳмост?
-Охир...
-Магар ҳаминаш кифоя нест, ки ӯро дар даҳлези хонаи шумо ҳадафи тир қарор додаанд.
-Мефаҳмам.
-Мо донистан мехоҳем, ки муносибати шумо бо мақтул дар кадом поя қарор дошт.
-Ӯ дилдодаи ман буд.
-Яъне, ки...
-Ҳа, ман маъшуқаи вай будам.
-Шавҳаратон аз ин муносибати шумо огоҳӣ дошт?
-Намедонам.
-Ин ҳанӯз ҷавоб нест.
-Чӣ гӯям?
-Росташро.
-Муносибатҳои маҳрамона байни ману ҳамсоя на беш аз таърихи думоҳа дорад ва тайи ин муддат мо ҳамагӣ ҳафт ё ҳашт маротиба вохӯрӣ доштем.
-Вохӯриҳоятон аслан дар куҷо мегузашт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё