Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лаҳзае пас аз омадани пиразан соҳибхона Нигораи Маҳмуд берун омад ва ӯ низ чун ҳамон писарбача худро ба оғӯши кампир андохта нолаю фиғонро то ба фалак бардошт.
-Ноосуда куҷо равад, ки осуда кунад,- сари соҳибхонаро ба қафаси синааш гирифта бо овози ҳазин гуфт пиразан ва боз илова намуд:

  • Нигорҷон, Худованд агар ба ту бахт медод, дар сесолагӣ модаратро аз ту ҷудо намекард. Ғамҳои модарат кам буд, ки боз ғамҳои туро мебинам...
    Мардуми гирдомада панҷ-шаш нафари бо ҳам суҳбат доштанд. Аслан мавзуи суҳбат ҳодисаи ба сари Мирзои Абдураззоқ омада буд. Баъзеҳо дар он андеша буданд, ки дар ҳодисаи мазкур ҳамсоязан гунаҳкор аст, вале аксари гирдомадагон худи маҳрумро гунаҳкор мекарданд.
    -Мегӯед, ки ҳамсоязан гунаҳкор аст,- ба чашмони ҳамон марде, ки ин суханро гуфта буд, нигариста гуфт марди миёнсоле, ки риши мошубиринҷ дошт.
    -Ҳамин хел аст, дигар шуданаш ҳам мумкин нест,- суханашро такрор намуда гуфт он мард.
    -Хуб мешуд, ки рӯи Худо гап мезадӣ, ҳарчанд Мирзо хешу ақрабоят ҳаст, вале набояд аз ҳақиқат чашм пӯшид.
    -Чӣ хел ҳақиқат? Шумо чиҳо гуфта истодаед, акои Собир?
    -Аслан дар ҳодисаи мазкур ҳамаи мо гунаҳкорем, мефаҳмед?- гуфт Собир, ки шояд дар он маҳалла мақому мартабаи хосае дошт.
    -Чӣ хел мо гунаҳкорем? - паст наомада гуфт мусоҳиби аввалӣ.
    -Ҳамин хел одӣ. Дар ёдат бошад ду сол пеш...
    -Шуд, шуд, акои Собир! Мо ба ин ҷо барои видоъ бо маҳрум омадаем, на барои бод кардани коҳи кӯҳна...
    -Шиноварро об мекушаду морбозро мор. Ҳаминро аз ёд набарор,- гӯён Собир ба тарафи бино рафт.
    -Агар зан худаш розӣ нашавад, мард чӣ кор карда метавонад?
    баъди рафтани Собир боз риштаи суханро ба даст гирифт мусоҳиби вай.
    -Зариф хуб мешуд, ки эҳсосотатро нигоҳ медоштӣ, - ровиро огоҳ намуда гуфт нафаре, ки ҳамсинну соли ӯ буд.
    -Эҳсосотро мегӯӣ?
пешина
аз 429
навбатӣ