Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Дар акси ҳол шикасти амалиёт ва вақти рафта танҳо ба души ман мемонад.
Умуман барои роҳбарият фарқе надорад, ки кунда мекафад ё ҷувоз.
Дар ҳама ҳолат калтакро ятим мехӯрад.
2 “Волка ноги кормят” гуфтани русҳо асоси воқеӣ дорад. Маҳз бо ҳамин мавҷи хаёлот ман аз бинои милиса берун шудам. Ҳарчанд то кунун самти асосии корро муайян накарда бошам ҳам, вале аз коргоҳ берун шудан худ як нияти неке дар ин самт буд. Чун то кунун мо даст ба коре назада будем, доираи фаъолияти банда ба назар хеле васеъ намуд.
Ба ҳавои софу беғубор ва нурҳои хуршеди ховар нигоҳ накарда ҳаво ҳанӯз сард буд. Шояд ин ҳама натиҷаи гирдбоди дирӯза ва борони шабона буд, вале бо ҳама сардии ҳаво оғози рӯзи нав ба назарам фараҳбахш намуд.
Аз чӣ бошад, ки ҳангоми аз зинаҳои пеши бино ба поён қадам гузоштан ман дигарбора ҳикоёти ҳазрати Мӯсо (а) ва шайху дуздро ба ёд овардам. Чун паёмбари Худо ҳамон вақт сараввал ба ҷанозаи дузд ташриф оварда буд, ман натавонистам ба ӯ пайравӣ намоям, чунки дузд ё худ қотили кунунӣ ҳанӯз дар озодӣ мегашт ва мо ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонистем, ки вай кист. Аз ин рӯ, банда роҳи хонаи шайхро пеш гирифтам...
Ташрифи банда ба замоне рост омад, ки хешу ақрабо дар тараддуди ба роҳи охират гусел намудани Мирзои Абдураззоқ буданд.
Дар чунин вазъият бо аҳли хонадон суҳбат намудан ғайриимкон буд. Мардуми зиёде дар назди бино гирд омада буданд, то дар маросими видоъ бо маҳрум иштирок намоянд...
Мошини ВАЗ-2105 дар рӯ ба рӯи бино қарор гирифт ва бо мадади ронанда пиразане аз дохили он берун шуд. Писарбачае, ки дар пеши дари бино ҳайрон-ҳайрон ба тарафи мардуми гирдомада менигарист, баробари аз мошин бурун шудани пиразан ба тарафи ӯ давида, ”Бибиҷон, бибиҷон, дадаамро куштанд!”- гӯён худро ба оғӯши бибиаш андохт.
Рисқи гург дар пойҳояш аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё