Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Ҳамин тавр Нигора дар хонаи тағояш Мансур дар зери тарбияи бибиаш ба воя мерасид. Ба ҷуз Нигора Мансур боз чор писару се духтар дошт, вале Нигора дар нисбати онҳо ҳамеша як сару гардан боло буд. Як сару гардан гуфта ҳамин маъниро дошт, ки ӯ хеле духтари ҷасур ва доно буд.
Ҳангоми дар синфи ҳафтум хонданаш дар иди Наврӯз ӯ чан тан аз ҳамсинфонашро ҳангоми гӯштингирӣ мағлуб намуд. Дар маҳаллае, ки онҳо мезистанд, бори аввал буд, ки духтар бо писарбачаҳо даст ба гиребон шавад ва боз дар озмун ғолиб ояд.
Ҳамин буд, ки рақибонаш боз ҳамон коҳи кӯҳнаро бод намуда, номи пештараи вайро, ки замоне шунида буданд, ба забон оварданд:
-Сархӯр.
Ин лақабро ба ӯ ҳамсари тағояш Мадина дода буд, чунки духтараки панҷсола боре духтари тағояш Шамсияро, ки он замон дар синфи якум мехонд, барои ҳамин сухан ба замин хобонида ҷазо дода буд.
Чун бибиаш аз ин ҳолат огоҳӣ ёфт, дар назди тағояш Мансур масъаларо кундаланг монд ё ман дар ин ҳавлӣ истиқомат мекунам ё духтари кали Барот.
Мадина ки то кунун боре бо хушдоманаш баҳс накарда буд, аз чунин ранг гирифтани кор дасту по хӯрд ва пеши кампир ба зону зада гиря намуд, ки “ман ин чор кӯдакро ба куҷо мебарам.
Модарҷон ба ман раҳм кунед,” мегуфт ӯ. Чун қаҳру ғазаби кампирро интиҳо набуд, борони қаҳру ғазабашро ба сари духтари кали Барот бирехт, вале келин дигар сухане ба забон наовард.
Сабру тоқати духтари кали Баротро дида, кампири Зайнаб ҳам аз аспи ҷаҳл фаромад ва ӯро ба ҳоли худаш гузошт...
Баъди ин ҳодиса Мадина барои Мансур боз ду писару як духтар таваллуд намуд, вале дар ҳама ҷо мегуфт, ки ҳафт фарзандам дар як палаи тарозу меистанд ва Нигора дар як пала.
Дар он хонадон Нигора гули сари сабад бошад ҳам, вале эркатулфор набуд. Муносибати ӯ бо аҳли хонадон он қадар нағз буд, ки ҳама ҳавасашро мехӯрданд. Вақте ки Нигора дар синфи охирини мактаби миёна таҳсил мекард, хостгорҳо дари хонаи тағояш Мансурро охурча намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё