Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дар байни довталабони ба хостгори омада Мирзои Абдураззоқ ҳам буд. Дурустараш баҳри хостгори Нигора падари Мирзо Абдураззоқи Солеҳ омада буд. Чун Абдураззоқу Мансур дар як маҳала зиндагӣ мекарданд ва нону намакхӯр буданд, дар байни шахсони ба талаби Нигора дасту остин барзада маҳз Абдураззоқ ғолиб омад...
-Баъди хатми мактаби миёна Нигора хост ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи тиббӣ супорад, вале домод, ки ҳамон шабу рӯз дар Маскав рисолаи номзадиашро ҳимоя мекард, назди падару модараш ултиматуми ҷиддӣ гузошт:
-Ба ман зани маълумотдор лозим нест.
Абдураззоқи Солеҳ як бегоҳ ба хонаи Мансур омад ва суханони тариқи телефон аз забони Мирзо шунидаро ба гӯши тағои арӯс расонид...
-Мо розӣ,-ҳатто аз забони ҷиянаш каломе нашунида, падари шоҳро розӣ намуда гуселонид Мансур.
Субҳи дигараш Нигора аз ултиматуми мондаи шавҳаршавандааш ва ваъдаи додаи тағояш огоҳ гардида, ба хонаи дарун даромада дар танҳоӣ хеле гиря намуд...
Вақте ки бибиаш ба хона даромад, ӯ оби чашмонашро тоза намуда ба истиқболаш бархест.
-Чаро гиря мекунӣ?
-Охир...
-Шуд, шуд,- сухани вайро бурида гуфт кампир ва боз илова намуд:-Бахтатро пеши по назан, мефаҳмӣ?
Дигар чӣ ҳам мегуфт ӯ.
Баъди шаш моҳи хатми мактаби миёна ҳамин духтараки нав ба синни ҳаждаҳ қадам ниҳода бо ҷавоне, ки аз худаш даҳ сол калонтар буд, издивоҷ намуд. Расо баъди якуним сол ӯ баҳри Мирзои Абдураззоқ тифли дастрӯяке ба дунё овард. Ба тифли нав Пайрав ном гузоштанд. Баъди таваллуди Пайрав Нигора сардиеро дар зиндагӣ ҳис намуд ва дар ин бора ҳатто ба хушдоманаш шикоят намуд, вале...
Ӯ ба зудӣ дарк намуд, ки на ҳар модар метавонад фарзандашро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Нигора гумон дошт, ки шавҳараш аз хушдоманаш метарсад, мисли оне, ки тағояш Мансур аз бибиаш метарсид, вале тираш хок хӯрд. Умуман, хусуру хушдоманаш ба ҷои он ки фарзандашонро сарзаниш намоянд баръакс, мард бояд мард бошад гуфтанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё