Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

банда дӯхта гуфт: -“Доимо яксон намонад, чархи гардун ғам махӯр”.
-Чӣ гап шуд?
-Ба фикрам ях лағжид.
-Кадом ях?
-Ҳамоне, ки мо дер боз интизори лағжишаш будем.
-Нафаҳмидам?
-Дар дидбонгоҳи қисмати шарқӣ нозирони БДА мошини тамғаи Мерседес 600-ро ишораи боздошт намудаанд, вале ба ҷои тормоз ронанда газро зер намудааст. Баъди дунболгирии на чандон зиёде дар рӯ ба рӯи институти физикаи ба номи С. Умаров ба таъқибгарон муяссар шудааст, ки мошини фирориро дастгир намоянд. Новобаста аз он ки ронанда гуноҳ намудааст, ба ҷои узр пурсидан, баръакс ӯ бо намояндагони милиса қариб даст ба гиребон шудааст. Ба бахти мо бошад ё ба бахти худи нозирони БДА, ки дар ҳамин лаҳзаи номуносиб таксие дар он ҷо боз истодааст.
-Аз дохили такси бошад медонед, ки бурун омадааст?
-Аз куҷо донам?
-Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов.
-Ҳамоне, ки то ҳол дар борааш қисса мекунанд, ки гӯё қариб
35 баъди ним аср хоинеро дастгир намдуааст.
-Худи худаш.
Чун ӯ мебинад, ки ронанда аз ҳад гузаронида истодааст, худро муаррифӣ намуда, ташаббусро дар амалиёт ба зиммаи хеш мегирад ва ба санҷиши мошин амр медиҳад.
Дар рафти санҷиш аз бордони мошин дар халтаи селофание қариб панҷ килограмм маводи зардчатоби ба героин монанд ёфт шудааст. Абдумаҷидов, ки ниҳоят марди пухтакор аст, дар ҳамон ҷо дар ҳузури холисон санад тартиб дода, чун далели шайъӣ онро мегирад ва сипас боздоштшударо аз нав ба дидбонгоҳ мебарад, то гузориши кормандонро бигирад ва дар он ҷо нафаре аз милитсионерон эшонро аз рӯи расмҳои дар кофтуковбуда мешиносад...
Нигар ба қиссаи Шарифбек Азизӣ “Ҷосус.” -Хабарро аз кӣ гирифтед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо