Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бубинед, аз рӯи як занги телефонӣ шуда мо ба кирдорҳои бемор баҳо додем, пас чаро доираи сайругашти нафареро, ки хомӯш истодани беморро талаб дорад, маҳдуд насозем?
-Чунин ашхос доираи касеро хоҳанд маҳдуд месозанд, вале доираи худи онҳоро маҳдуд намудан осон нест.
-Рафту агар мо нафареро, ки номаро ба беморхона бурдааст, боздошт намоем, ба кулли саволҳоямон ҷавоб хоҳем гирифт.
-Сараввал ӯро ёбед...
-Мо дар фикраш ҳастем.
-Ин ҳанӯз ҷавоб нест.
-Чаро?
-Чунки ӯро замин фурӯ бурд ё лаълии парон гирифта рафт, касе намедонад.
-Давидани гӯсола то каҳдон...
-Ба сабурии шумо қоилам, рафиқ капитан.
-Мо хас ҳам бошем, пирамон кас аст.
-Пиратон кист?
-Ӯро шумо намешиносед.
-Ба ҳар ҳол шунидани номи он мард бароям хуш аст.
34
-Аргус
-Файзулло Абдуллоевич Орзуев?
-Бале.
-Ҳамон марде, ки дар якравӣ ном баровардааст?
-Худи худаш.
-Ман ҳам нисбати эшон эҳтироми беандоза дорам, ба ростӣ, чунин фардҳо ангуштшуморанд.
-Хеле шодам, ки нигоҳатон дар нисбати устоди банда мусбист.
-Аз дӯсти нодон дида, доштани душмани доно беҳтар аст ва Файзулло Абдуллоевич ҳамон марди доност, ҳарчанд ӯро бисёриҳо душман медонанд.
Занги телефон садо доду Сафар Бобохонович гӯшакро бардошта гулӯ рӯшан кард.
-Ҳа, он кас ҳамин ҷост, албатта ӯро мефиристам, - гӯён муовини сардор гӯшакро ба ҷояш гузошта, нигоҳашро ба сӯи

Аргус-Ҳомии қонун, дар Юнони қадим, ки ҳаргиз ришва нагирифтааст.

пешина
аз 429
навбатӣ