Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Хонед, ҳамааш дар он ҷо гуфта шудааст.
Дилу бедилон нигоҳамро болои лисони дар дастам буда дӯхтам. Худоё худаш чӣ гап? Дар хабарнома омада буд, ки субҳи имрӯз шахсони номаълум мошини тамғаи “Мерседес 600”-ро аз пеши бинои бонки “Ҳосилот” ба яғмо бурдаанд. Ман дубора ба серия ва рақами дар хабарнома ифшогардида назар намудам. Ин рақами ҳамон мошине буд, ки ҳамагӣ ду соат пештар дар қисмати шарқӣ дар дидбонгоҳи БДА боздошт шуда буд.
-О, ин чӣ хел мешавад? - пурсидам ман.
-Ба фикрам, мошинро дунболгирӣ доштанд ва рафту агар Абдумаҷидов ба он ҳодиса дахолат намекард, эҳтимол илоҷашро ҳам меёфтанд.
-Акнун худро мусичаи бегуноҳ гирифта, ҳама гуноҳро ба сари ронанда мезананд.
-Чаро ӯ бечора будааст? Ҳеҷ кас сагро маҷбуран ба шикор намебарад.
-Калтакро кӣ хӯрад, ятим.
-Медонед, ин мошини кист?
-Не.
- Мошин моли шахсии Аброр Воҳидович Зайдов аст.
-Пас чаро ному насаби эшонро дар хабарнома сабт накардаанд.
-Ба фикрам, эшон дар ҳамон ҷо ҳам хоксориашро нишон додааст.
-Ё худаш муаллифи ин сатрҳост?
-Ё ҳарду, - хандида гуфт Раҷабов.
-Дар ин бора муфаттишро огоҳ намоем-чӣ?
-Ҳоло ӯ дар куҷост?
-Дар дафтари кориаш ба боздоштшуда суҳбат дошт.
-Бигузор суҳбат намояд, канӣ, бубинем боз чӣ мешавад?
-Барои ҳамин манро даъват намудед?
-Намехоҳам, ки зердастони ман дар иҷрои амале кӯркӯрона рафтор намоянд.
-Магар муфаттиш намояндаи мо нест?
-Охир ман наметавонистам корро шикаст дода, ҳардуятонро ба ин ҷо даъват намоям. Ба замми ин, хабарномаро тариқи “факс” гирифтем, - худро сафед намуда гуфт муовини сардор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо