Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Акнун ман равам.
-Сабр кунед. Гумон мекунам, ки муфаттиш худаш аз уҳдаи пурсиши боздоштшуда мебарояд. Моро лозим аст, ки боз як маротиба дар атрофи ин аспчаи сиёҳ (Зайдов дар назар аст) “давр” занем. Ҳамагӣ ду ё шояд се соат пештар мо дар ҳамин ҷо, дар атрофи эшон суҳбат доштем. Шумо худ ӯро “тёмная лошадка” ё чӣ хеле ки мегӯянд, аспчаи сиёҳ, номидед. Гуфтед, ки соҳиби ду қасри кошӣ, ду мошини хориҷӣ, ду зану ҳашт фарзанд аст. Тиҷораташ бошад, ҳамааш шуда, як дӯкони на чандон калони фурӯши пойафзол. Ҳамин хел?
-Ҳамин хел, рафиқ подполковник.
-Ман намефаҳмам чаро мошини ӯро аз назди дӯконаш ва ё хонааш нею аз пеши бонк ба яғмо бурдаанд.
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
-Чаро шумо бо ҳамин савол ба ронанда муроҷиат накардед?
-Мо вайро пурсидем, гуфт, ки ҳуҷҷатҳояшро дар хонааш фаромӯш намудааст.
-Хонааш дар куҷост?
-Дар маҳаллаи Зарафшон.
-Рақами хона.
-Ба фикрам Зарафшон М-2/17, ҳуҷраи 30.
-Муфаттиш дар ин корҳо таҷрибаи дурусти корӣ надорад, вале ман шуморо нафаҳмида истодаам.
-Гумон доред, ки пеш аз мо касе дар он ҷо кофтуков мегузаронад.
-Модоме ки онҳо масъалаи мошинро ба чунин осонӣ ҳал намуданд, пас куҷост кафолат, ки боз фитнае барнамеангезанд.
-Майлаш, ман ҳозир ба прокуратура рафта дар ин бора маслиҳат мекунам.
-Ҳарчи зудтар аз пайи ҳамин кор шавед, боз нашаваду...
...40...
Кофтукови манзил ҳам натиҷаи хубе дод. Мо аз дохили радиои “ВЭҒ-12,” ки шояд аз замони шӯравӣ ба ёдгор монда буд, панҷ ҳазор доллари амрикоӣ ёфтем.
-Ба инаш чӣ мегӯед ё боз собит кардан мехоҳед, ки аз марги хеш хабар дореду аз долларҳои дар дохили радиои аз даври доқиёнус монда не? - пулҳои аз дохили радио баромадаро ба пеши чашмони боздоштшуда Турсун Маҳмуд, ки бо дастони кишанзада дар иҳотаи ду милитсионер рост меистод, бурда пурсид муфатиш.

пешина
аз 429
навбатӣ