Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

бурда супорид ва аз котиба Муҳаббатхон хоҳиш кард, ки ҳар чӣ
41 зудтар онҳоро ба ЭКО фиристад.
-Соате пас ман худам ба ЭКО меравам ва инҳоро ҳам бурда месупорам, - гуфт котиба.
-Ташаккур, Муҳаббатхон! - гӯён Салимов бо котиба худоҳофизӣ намуда, аз нав ба дафтари кориаш баргашт. Ҳарчанд ӯ бо Абдумаҷидов он қадар қарин ҳам набуд, вале аз чӣ бошад, ки дар ҳамин лаҳзаҳо ӯро пеши назар овард ва телефонро ба пешаш наздиктар кашида, чанд рақамро дар диск чид.
-Абдумаҷидов гӯш мекунад.
-Салом, рафиқ майор, Салимов шуморо нороҳат кард.
-Боке нест, гӯшам ба шумо.
-Вохӯрдан лозим.
-Ҳоло ягон имконият надорам, фардо субҳ чӣ хел?
-Майлаш ман розӣ, фардо субҳ шуморо интизор мешавам,
42 вале гӯед ки чӣ гап шудааст, ё инаш ҳам дар зери грифи 00 аст.
-Не, ягон махфияте надорад. Мағозаи ҷавоҳироти шаҳрро ғорат карданд.
-Кай?
-Номаълум. Рӯзи шанбе баъди кор мағозаро маҳкам карда, ба пулти назорати милисаи ғайриидоравӣ супориданд ва ин субҳ ба кор омада диданд, ки тамоми он чӣ ки дар витринаҳо буд, нест.
-Сигнализатсия кор накардааст?
-Сигнализатсияро ҷинояткорон ба ҳоли хеш монданд.
-Нафаҳмидам.
-Ин дафъа онҳо аз зери замин рост ба толори фурӯшгоҳ баромаданд.
-Чӣ хел аз зери замин?
-Ба воситаи тунели коммуникатсионӣ.
-Онҳо чӣ хел фаҳмиданд, ки тунели коммуникатсионӣ аз зери мағозаи ҷавоҳирот мегузарад.
43
-Головоломка
-Инаш рост, акнун ёбу гир.
41
ЭКО-шуъбаи ташхиси криминалистӣ.
42
00-грифи махсус махфӣ.
Головоломка-як намуди бозии саргичкунак.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор