Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ана ҳамин хел. Дар ҳақиқат ҷинояткорон барои “шараф” кор кардаанд.
-Ягон нақше ҳам аз худ боқӣ намондаанд?
-Нақшҳо бисёранд, лекин Худо медонад, ки ягон нақше аз ҷинояткорон бошад.
-Мо набояд умедро аз даст диҳем. Охир баҳри инсон се чизи муқаддас аст.
-Кадомҳо?
-Ҳадаф, ишқ ва умед. Рафту дуи аввалаш ба одами муяссар нагардад ҳам, вале инсон бояд шӯълаи умедро то нафаси охирин зинда дорад.
-Майлаш мо ҳам умед бар он мебандем, ки ҷинояткоронро дастгир мекунем. Хайр дар амони Худо бошед, - гӯён Абдумаҷидов гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Лаҳзае пас Салимов ба ёд овард, ки дӯкони ҷавоҳирот дар ҳамон минтақаест, ки ҷисми беҷони Сабзаевро ёфтанд. Ба замми ин Сабзаев боз сохтмончии хизматнишондода рафту...
Салимов чанд рақамро дар диск чида, ба Абдумаҷидов занг зад, вале аз он тараф касе гӯшакро набардошт.
...13...
Баъди оне ки Салимов суҳбатро то субҳи фардо боқӣ гузошта, гӯшакро ба ҷояш монд, Абдумаҷидов мондагиро ҳис карда, ба ёд овард, ки аз сари субҳ дигар бурдаи ноне ба даҳон набурдааст.
Умуман, воқеаҳои имрӯза чунон тезутунд шуданд, ки ба тановули нисфирӯзӣ ҳам вақт наёфт. Ақрабаки соат ба 16 наздик мешуд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз курсӣ бархоста, нияти аз дафтари кори баромадан дошт, ки телефони дохили садо дод ва Абдумаҷидов дилу бедилон гӯшакро бардошт. Навбатдор хабар дод, ки ба назди муовини сардор Масрури Мӯсо дарояд. Капитани милиса Масрури Мӯсо як моҳ боз ба ин вазифа таъин шуда омада буд ва кормандон ба ӯ аллакай лақаби “Оташакро” дода буданд.
Сараввал Абудмаҷидов аз ин рафтори ҳамкорон хафа шуда гуфт, ки ҳарчӣ ҳам набошад вай роҳбар аст ва баҳри иҷрои корҳои идора давутоз мекунад, вале оқибат фаҳмид, ки Масрури Мӯсо ҳамин хел дар сухан зӯр аст ва чун актёри бомаҳорат вазифаи хешро ба ҷо меорад, аммо дар асл дар калааш ба ҷои майна эҳтимол аррамайда пур карда бошанд, чунки ягон кораш дар доираи низомнома амалӣ карда намешавад, ба ҷуз дастак задану овоз баланд кардан ба коре ҳам қодир нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор