Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Санҷиши узвҳои нафаскашӣ шаҳодатгари онанд, ки маҳрум дар зери об нафас нагирифтааст. Аз ҳамин лиҳоз ташхиси тиббӣ ба хулосае омад, ки ҷисми беҷони Сабзаев пас аз марг ба мақсади пинҳон кардани ҷиноят ба ҷӯи селоба партофта шудааст...
Салимов халтачаи селофаниро, ки дар он ҳамагӣ якчанд заррачаҳои шишапора гирифта шуда, бо муҳр маҳкам карда шуда буд, аз назар гузаронд. Ӯ ба ёд овард, ки чӣ тавр ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов муяссар гашт, ки гурӯҳро барои ҷустуҷӯи ҷои ҳодиса дар радиуси панҷсад метр сафарбар намояд.
Акнун баъди гирифтани хулосаи ташхиси тиббӣ вай байни ҳамин заррачаҳои хурд, шишапораҳои аз пеши дорухона ёфтшуда ва шишаи шикастаи аз сари панҷараи қубур гирифташуда як алоқамандиеро дид. Ҳарчанд то баровардани хулоса ҳанӯз вақт буд, вале ӯ пеши дорухонаро, ки болои сангҳои мармарин моеъи сурхчатоб рехта шуда буд ва онҳоро ташхисгар-криминалист Сафолов ҳамчун далели шайъӣ харошида гирифта, ба протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса ҳамроҳ кард, ҷойи содиршавии ҷиноят шумурд. Маҳз дар ҳамин пеши дорухона аз нуқтаи назари ӯ Сабзаевро ба қатл расонида, сипас ҷисми беҷони ӯро ба ҷӯйи об, ки аз дорухона дар масофаи на бештар аз панҷоҳ метр ҷойгир аст, бурда партофтанд...
Салимов лаҳзае вазни хешро ба такягоҳи курсӣ партофта, чашмонашро пӯшид. Аслан дар чунин мавридҳо ӯ на истироҳат, балки ҳаракатҳои минбаъдаи хешро ки чӣ оқибат меоранд, пеши назар меовард.
Ниҳоят ӯ чашмонашро кушода, аз курсӣ бархест ва аз болои сейфи оҳанин мошинкаи чопии механикии тамғаи “ЛЮБАВА”-ро гирифта, рӯйи мизи корӣ гузошт. Сипас аз ғалладони мизи кориаш чанд дона коғази сафед бароварда, ба мошинкаи чопӣ ҷо кард ва пас аз чанде бо як маҳорати хосе тугмачаҳои мошинкаи чопиро зер кардан гирифт... Чун ҳарду қарор дар бораи гузаронидани ташхис тайёр шуд, ӯ аз нав мошинкаро болои сандуқи оҳанин гузошта, бори дигар матни қарорҳоро хонда баромад ва чун ба хулосае омад, ки саволҳои барои ташхисгар гузоштааш дурустанд, ба коғазҳо имзо гузошта онҳоро якҷоя бо далелҳои шайъӣ ба котибот

пешина
аз 429
навбатӣ