Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин пуштупаноҳаш зӯр, дар худи Раёсату Вазорат тағоҳо дорад ва сари ҳар се сухан як маротиба ба мусоҳибаш мефаҳмонад, ки имрӯз бо фалонию фалониҳо суҳбати телефонӣ дошт ё бо онҳо вохӯрда фалону фалон масъалаҳоро ҳал кард ва гирифтани лақаби “Оташак” низ натиҷаи ҳамин фаъолияти бенатиҷааш аст...
Ҳарчанд дили Абдумаҷдиов аз гуруснагӣ гум мезад, вале илоҷи дигар надошт, ба ҷуз ба назди Оташак даромадан ва ӯ рухсат пурсида, вориди дафтари кории Масрури Мӯсо гашт. Капитан бо телефон бо куҷое гап мезад ва бо ишораи даст курсиеро нишон дод...
-Ана ҳамин хел, рафиқ полковник, ҳоло мо сари ҳамин масъала бо бачаҳо суҳбат дорем, - гӯён баъди расо шаш дақиқа ӯ гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт:
-Бо муовини сардори Раёсат полковник Абдуллоев суҳбат доштам. Ба он кас ваъда додам, ки шербачаҳо дар давоми як ҳафата ҳодисаи дуздии мағозаи ҷавоҳиротро мекушоянд. Ана баъд сенсатсия мешавад, ҳамин хел не?
-Намедонам.
-Чӣ хел намедонед? Умуман, шумо дар фикри обрӯи милиса ҳастед ё не? - оташин шуда гуфт Оташак.
-Ин ҷо обрӯи милиса чӣ дахл дорад?
-Шумо, рафиқ майор, аз ягон сайёраи дигар омадед? О ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот барои ҳамаи мо як ҳодисаи нангинест ва умуман дар давоми як ҳафта илоҷе намуда, онро кушодан лозим мешавад ва чӣ хеле худатон шоҳидед, ман ба муовини сардори Раёсати корҳои дохилӣ муҳтарам Абдуллоев ваъда додам.
-Кори хуб накардед.
-Чиро дар назар доред?
-Ваъда доданатонро.
-Ҳоло шумо намефаҳмед, ки масъулият чист, агар ба ҷои ман мешудед, медидам чӣ кор мекардед.
-Ваъда намедодам.
-Пас онҳо чӣ гумон мекунанд, ки мо дастҳоро болои ҳам монда истироҳат дорем, охир ман на танҳо фикри хеш, балки фикри коллективро мекунам.

пешина
аз 429
навбатӣ