Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, аз ваъдаи хушку холӣ магар ягон суде ҳаст?
-То ҳамин ҷиноят кушода нашавад, ман шумо ва умуман коллективи бахши ҷустуҷӯиро ором намегузорам. Хун аз бинӣ шабу рӯз дар идора мешавед, гап як.
-Ба гумон аст, ки ин натиҷае диҳад.
-Чаро намедодаст?
-Чунки дар чунин лаҳзаҳо ба ҷуз соҳиби мол ва милиса дузд ҳам Худо мегӯяд. Дуздонро ҳам он қадар гулӯ гумроҳ шуморидан лозим нест, рафиқ капитан.
-Аз милиса дида мебинам нуқтаи назаратон ба ҳимояи ҷинояткорон бештар аст.
-Гапи рост талх аст ва ман ҳамчун бародар ба шумо маслиҳат медиҳам, ки ҳеҷ гоҳ ҷӯйборро напарида-оҳ нагӯед ва бузи дар кӯҳ бударо хаёлан дар хона саночи пӯст наканед.
-Гунҷишкбача очаша ҷив-ҷив нишон медиҳад ҳа, маслиҳатро ако ба мо аз боло калонҳо медиҳанд. Мо худ бояд шуморо таълим диҳем. Агар шумо он қадар доною босавод мешудед, дар чунин синну сол ба ягон ҷо расида будед ва аз ман ба шумо маслиҳат рафторатонро нисбати роҳбар дигар намоед. Роҳбар роҳбар аст ва гапи роҳбар барои зердаст қонун. Агар ман ҳам мисли шумо ҳамин хел доною гапгардон мешудам, ҳеҷ гоҳ ба ин курсӣ соҳиб намешудам. Акнун ба шумо як ҳафта вақт, агар ҷинояти мазкур кушода нашавад, аз худатон гила кунед. Он вақт ман худам назди сардор даромада, ба гӯшатон як танбеҳчаро ҳалқа карда меовезам, чунки аз рӯи шумо шуда, ман назди калонҳо сурху сафед шудан намехоҳам.
-Барои он ки сурху сафед нашавед, пеш аз ваъда додан андешаи онро намоед, ки оё аз уҳдаи ҳамон кор мебароед ё не?
Шунидед, ки мардумон гуфтаанд “Обро дида мӯза каш, ҳаворо дида...”
-Шуд, шуд! - сухани ӯро бурид Масрури Мӯсо. -Вақте ки курсии манро соҳиб шудед, пас метавонед ба зердастонатон таълим диҳед.
-Парво накунед, ман дар фикри курсии шумо ҳеҷ гоҳ набудам ва нестам.

пешина
аз 429
навбатӣ