Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пас шумо аскари хуб нестед. Оё нашунидаед, ки сарлашкари бузурги рус Суворов гуфтааст: “Аскаре, ки орзуи генерал шудан надорад, ӯ аскар нест”.
-Гапатон рост, дигар генерал шудан ҳам орзуи аскарон нест, чунки пештар генералҳо ангуштшумор буданд, агар ҳамин хел давом кардан гирад, солҳои наздик сафи генералҳо ҳам ба аскарон баробар мешавад ва дигар чӣ ҷои ҳавою ҳавас...
-Майлаш аз пайи коратон шавед ва сухани маро фаромӯш накунед...
Абдумаҷдиов аз дафтари кории Масрури Мӯсо берун омада, дигар майли ба ошхона рафтан ҳам накард. Аз суханони бемантиқу беқофияи Оташак дилаш бухс кард. Ӯ ба дафтари кориаш баргашта, сари марги Сабзаев ба андеша рафт ва болои коғази сафеде марги Сабзаевро бо ғорат намудани мағозаи ҷавоҳирот рӯӣ лисон овард ва аз рӯи нақшаҳои кашидааш нуқтаи ягонаеро, ки ҳарду нақшаро бояд мепайваст, ҷустуҷӯ намуд...
...14...
Кори Оташак омад кард. Шаби 1-ум ба 2-юми апрел шахсе ба милиса занг зада хабар дод, ки агар дузди дӯкони ҷавоҳиротро дастгир кардан хоҳед, ба кӯчаи Шаҳбоз, хонаи 29/4, ҳуҷраи 6 равед ва ҳамоно гӯшакро ба ҷояш гузошт. Навбатдор дар ин бора ба муовини сардори ШКД Масрури Мӯсо, ки ҳамон шаб аз ҳисоби роҳбарият дар идора буд, хабар дод.
Масрури Мӯсо соати 21:35 дақиқа ҳамроҳи гурӯҳи оперативӣ ба дари суроғаи дар боло зикршуда ангушт заданд. Дарро ба рӯи онҳо ҷавони бистучор-биступанҷсолае кушода, ҳозиринро ба хона таклиф кард.
-Ҳамсояро ҷеғ занед!-амр кард Оташак ба нозири минтақавӣ Шехов.
Ҷавон ҳамоно ҳайрон пеши дар рост меистод. Чун ҳамсоя берун омад, аз ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамсарашро низ лаҳзае ба берун ҷеғ занад ва баъди омадани ҳамсоя ҳама якҷоя вориди хонаи номбурда шуданд. Масрури Мӯсо худро муаррифӣ карда, ному насаби соҳибхонаро пурсид.
-Давлати Баҳром.
-Ин хонаи худат?
-Ҳа, хонаи худам.

пешина
аз 429
навбатӣ