Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Аз кадом ҳисоб хонаро харидӣ?
-Чӣ, ман ягон гуноҳ кардам?
-Албатта, бе гуноҳ нестӣ, акнун дар шоҳидии ҳамсояҳо ҳамаи он чизҳое, ки аз мағозаи ҷавоҳирот ғорат намуда овардӣ, ихтиёран бароварда диҳед. Дар он сурат гуноҳи шумо андаке ҳам бошад, сабук мешавад.
-Ман ҳеҷ гуноҳе надорам
-Набошад сар кардем, бачаҳо!-амр кард Масрури Мӯсо ва гурӯҳи фаврӣ ба кофтукови хона сар кард. Баъди даҳ дақиқаи кофтуков аз дохили яке аз чойникҳои дар ҷевони ошхона буда халтачаи селофание ёфт шуд, ки баробарӣ кушоданаш аз он як ангуштарини нигинаш аз алмос буда, як дастпона ва як шаддаи ҳалқаҳояш аз нуқра бо сангҳои қиматбаҳо ороёфта ёфт шуд.
-Хуш гӯед, ки инҳо аз кӣ?
-Ба ростӣ, намедонам, ин ҳамаро бори аввал мебинам.
-Гуфтанӣ нестӣ, ки онҳоро мо худамон партофтем.
-Ҳаргиз не.
-Шумо, рафиқ, чӣ буд номатон?
-Давлати Баҳром.
-Ҳа, Давлати Баҳром, акнун шумо ба дуздии мағозаи калонтарини ҷавоҳироти шаҳр гумонбар ҳастед ва бояд ҳамроҳи мо ба милиса равед.
-Охир ман гуноҳе надорам.
-Чӣ хел гуноҳ надоред, ҳарчанд мо ҳоло аниқ гуфта наметавонем, ки маҳз ҳамин “бозёфт”-и мо ба мағозаи ҷавоҳирот алоқамандие дорад ё не, вале фардо ҳамааш аён хоҳад шуд ва дар он вақт ман бо шумо хола-хола карда намешинам...
Тамоми шаб Масрури Мӯсо мижа таҳ накард. Ӯ аз он хурсанд, буд, ки худаш ин ҷиноятро танҳо кушод. Акнун зердастон бигузор фаҳманд, ки бо кӣ сару кор доранд.
Тамоми шаб ӯ тамоми санъати хешро ба кор бурд, вале Давлати Баҳром ягон чизро ба гардан нагирифт, гуфт, ки аз мурданам хабар дораму аз он ашёҳои ёфташуда не. Чанд бор Оташак сару калобаашро гум кард ва ду-се муште ба сари Давлати Баҳром зад, аммо бе натиҷа.
-Ту муттаҳам ҳоло бо кӣ сару кор карданатро намедонӣ?
Чунон намоям ки як умр озодиро набинӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор