Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Охир гуфтам-ку, ман гуноҳе надорам.
Ин дафъа Оташак дигар худро дошта натавонисту бо шатааш ба шиками “дузд” зад.
Давлати Баҳром “оҳ” гуфта болои фарш афтид...
-Баред ӯро! - амр кард Оташак ва ду милисае, ки пеши дари муовин чун аломати савол меистоданд, “гунаҳкорро” аз дастонаш гирифта берун бурданд.
Лаҳзае пас бо амри ӯ “ҷинояткорро” аз нав пешаш оварданд ва боз таҳқиру истинтоқ оғоз шуд. Умуман, тамоми шаб кор дар дафтари Оташак ҷӯш мезад, вале натиҷаашро Худо медонист, чунки Оташак мақсади назди тағоҳо, назди коллектив худнамоишдиҳӣ дошт ва ба гумон буд, ки оташи афрӯхтааш шуълае ё худ гармие диҳад. Аслан дар давоми як шаб Оташак ҳатто кӯшиш ба харҷ надод, ки бипурсад, оё гунаҳкор дар бораи бегуноҳии хеш чӣ далеле дорад. Не, барои ӯ ҳаминаш басанда буд,
44 ки “дуздро дар обмурӣ” дастгир карда буд ва ҳама гуна чунин пурсишҳо метавонист шуълаи афрӯхтаи ӯро хомӯш созад.
-Дигар аз ин ҷо баромаданат ба гумон. Беҳтараш на худатро азоб деҳ ва на моро. Мард бош.
-Ман ҳамаашро гуфтам, ако.
-Ҳеҷ чизро нагуфтӣ. Гӯй, ки ҳамроҳи кӣ мағозаро ғорат кардӣ?
...
-Чаро ба даҳонат об гирифтӣ? О гап зан, падарлаънат!
-Чӣ гӯям?
-О гӯй, ки ман худам ё ҳамроҳи фалонию фалонӣ мағозаи ҷавоҳиротро ғорат кардам.
-Ман чаро дурӯғ гӯям ё ба шумо дурӯғ гуфтан маъқул аст?
-Не, дурӯғ нагӯ, гӯй, ки ман мағозаро ғорат кардам, борҳои ба яғмо бурдаамро фурӯхтам.
-Ба кӣ фурӯхтам?
-Хайр гӯй, ки ба шахсони номаълум тамом ва салом.
-Пас мепурсидагистед, ки пулашро куҷо кардам?
-Албатта.
-Пас ман бояд чӣ ҷавоб диҳам?

Киноя аз мақоли халқӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ