Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Гӯй, ки пулашро обу лой кардам.
-Не, ман ҳеҷ чиз намегӯям, кушед ҳам намегӯям.
-Рӯз шавад ҳамаашро мегӯӣ. Ҳоло ман ба ту раҳм кардам. Чун мудири мағоза омада, чизҳои аз хонаат ёфташударо шиносад, ман бо ту чӣ кор карданама медонам.
-Ман ҳар чӣ буд гуфтам, рӯзу шабаш бароям аҳамият надорад.
-Аҳамият доштану надоштанашро баъд мефаҳмӣ, мо намедонем, ки ту он хонаро чӣ хел гирифтаӣ. Нисфи мардум дар шаҳр бе хонаву дар ва ту як донишҷӯи муттаҳам соҳиби хона.
-Ин хонаро дадоям харидагӣ.
-Бо кадом пул.
-Бо пули ҳалол.
-Дадоят чикора?
-Муаллим.
-Бо маоши муаллим магар дар шаҳр хона харида мешавад?
-Он солҳо мешуд.
-Кадом солҳо?
-Солҳои навадуми асри гузашта.
-Дар давраи ҳамон бесару сомониҳо.
-Ҳа.
-Падарат ҳам, албатта, ба худат монанд.
-Ҳама мегӯянд, ки мо як себи дукафон.
-Набошад, вай ҳам мисли худат дузд ё вай пой бардоштаву ту пой мондаӣ.
-Ин хел нагӯед, охир падари ман устоди спорти дараҷаи байналхалқӣ. Вай борҳо шаъну шарафи ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ҳимоя кардагӣ.
-Дар назди қонун ҳама баробаранд, падарат касе ҳам набошад, ту барои дуздидат ҷавоб медиҳӣ.
-Мефаҳмам, вале ман гуноҳе надорам.
-Пас чӣ хел ашёҳои дуздишуда дар хонаат пайдо шуданд?
Онҳоро бо дасти худат гирифта дидӣ?
-Ҳа, дар хона вақте, ки шумо онҳоро ба дасти ман додед, гирифта нигоҳ кардам.
-Агар дар ашёҳои дуздишуда нақши ангуштонат бошад, аз худат гила кун.
-Охир онҳоро шумо ба дасти ман додед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор