Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Не, ман ягон чизро ба дасти худат надодам. Акнун ояндаатро фикр кун. Ба гуноҳи хеш иқрор шудан ин худ ҳолати сабкунандаи кор аст.
-Не, ман гуноҳ надорам.
-Баред ӯро, чун Абдумаҷидов омад, бигузор ҳамроҳаш кор кунад.
Ӯро дуюмбора аз дафтари кории муовини сардор бароварданд...
...15....
Абдумаҷидов сари субҳ ба прокуратура рафт. Салимов дар ин субҳи собиқ ӯро дида хеле хурсанд шуд. “Дар ҳақиқат Абдумаҷидов мард аст, гуфт ки фардо сари субҳ меояд, омад,”-аз дил гузаронд муфаттиши прокуратура ва баъди даст дода вохӯрӣ намудан курсиеро нишон дода, ваколатдори кофтукови ҷиноятиро ба нишастан даъват кард ва худ низ гузашта, сари мизи хурдакак рӯ ба рӯи мусоҳибаш нишаст.
-Акбар Ҳакимович, дирӯз ман як чизро пурсиданӣ шуда, лаҳзае пас ба шумо занг задам, вале гӯшакро набардоштед.
-Маро ба назди муовини сардор Масрури Мӯсо ҷеғ заданд, сипас аз он ҷо баргашта то шом аз идора набаромадам, майлаш ана ман омадам, пурсед, чӣ буд?
-Акбар Ҳакимович, маро дирӯз як масъала ором нагузошт, о ҳамон маҳале, ки мо ҷасади Сабзаевро ёфтем, маҳали ҷойгиршавии мағозаи ҷавоҳирот нест?
-Дуруст ҳамон маҳал.
-Пас оё андеша накардед, ки байни марги Сабзаев ва дуздии мағозаи ҷавоҳирот алоқамандие набошад?
-Не-гуфт Абдумаҷидов, чунки намехост худро аз дигарон боло нишон диҳад, ҳарчанд дирӯз то шом болои ҳамин масъала майна об кард ва ҳатто ба коғази сафеде, ки ҳоло чорқат карда шуда буду дар ҷайбаш меистод, оид ба санҷиши баъзе ҳолатҳо, ки алоқаманди ин ду ҷиноятро ё мепайваст ва ё инкор мекард, қайдҳо намуда буд.
-Ҳамин тарафи масъаларо дидан лозим.
-Барои ин вақт даркор ва ман мехостам, ки ҳарчи тезтар оид ба фаъолияти солҳои охири Сабзаев маълумоте ба даст оварам, вале то ҳанӯз оиди марги ӯ маълумоти пурра надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор