Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Инаш гуноҳи ман, - аз ҷой бархеста гуфт Салимов ва ба назди сандуқи оҳанин рафта, онро кушод ва аз дохили парвандаи ҷиноятие, ки нисбати куштори Сабзаев оғоз намуда буд, хулосаи ташхиси тиббӣ-судиро бароварда, ба дасти Абдумаҷидов дода гуфт:
-Бубахшед, рафиқ майор, ки дирӯз шуморо бо натиҷаи расмии ташхисӣ-тиббӣ шинос накардам.
Абдумаҷидов ҳуҷҷати расмии ташхиси тиббиро ба даст гирифта ба хондан пардохт... Сипас ӯ ҳуҷҷатҳоро болои мизи кории муфаттиш гузошта, пурсид, ки оё шишапораҳои аз ташхисгоҳи тиббӣ гирифташударо муҳтарам муфаттиш барои муқоиса бо шишаи аз панҷараи сари қубур ва шишапораҳои аз пеши дари дорухона ёфтшуда барои ташхис фиристодааст ё не?
-Фиристодам, рафиқ майор ва ҳамчунин хуни аз болои сангҳои пеши дорухона гирифтаи капитан Сафоловро ҳам барои муайян кардани гурӯҳи он ба маркази ташхис фирситодам.
-Натиҷааш кай мешудааст?
-Намедонам, дирӯз худи Муҳаббатхон онҳоро ба ЭКО бурд.
-Боз як хоҳиш.
-Гап занед.
-Албатта дуздию ғарӣ, чӣ хеле мардум мегӯянд дар паси саргини хар аст ва баҳри инкор кардани содиршавии ҷиноят дар мағозаи ҷавоҳирот шаби 30 ба 31 март як маротибаи дигар Назари Гадо ва Хусрави Шодиро пурсидан лозим мешавад, лекин баъди пурсиши шумо ин чӣ хел мешавад?
-Шумо ҳуқуқи пурра доред, ки аз номи банда касеро лозим шуморед, дар протокол пурсед, ин танҳо ба нафъи мост ва ман ба ин боварии комил дорам, ки то ҳанӯз ман дараҷаи пурсишро мисли шумо наомӯхтаам.
-Биёед монед ин гапро.
-Офтобро бо доман пӯшида намешавад ва он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
-Акнун ба ман рухсат диҳед, равам, алакай даҳ дақиқа аз кор дер мондам.
-Ҳамин ҳам кор аст.
-Медонам, вале маро рафтанам лозим.

пешина
аз 429
навбатӣ