Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ илоҷ, дигар вақтатонро намегирам ва агар ягон дигаргуние дар рафти корҳои ҷустуҷӯи дарёфтеду дидед, ки он дар зери грифи махфӣ ё тамоман махфӣ нест, бандаро аз ёд набароред.
Дар чунин ҳолатҳо қарсак аз ду тараф беҳтар садо медиҳад.
-Хуш монед, - гӯён Абдумаҷидов аз ҷой бархест ва Салимов ҳам барои гусели ӯ аз қафояш берун баромад...
Баробари вориди бинои милиса шудан муовини сардор Масрури Мӯсоро дида салом дод.
-Ана барои чӣ шумо ваъда доданро нағз намебинед. Ӯ ба соати дастиаш нигариста гуфт, ки модоме афсар ба кор ним соат дер омад, пас аз ҳайати қатори чӣ ҷои гила?
-Бубахшед, каме кор баромад.
-Чӣ гумон мекунед, ки мо бекорем, шабро шаб рӯзро рӯз нагуфта, ба ҷои шумо даву тоз мекунем, то андаке ҳам бошад, фоизи кушодашавии ҷиноятҳоро бардорем ва дар байни дигар ШКД шаҳр фардо сурху сафед нашавем.
-Гуфтам-ку каме кор баромад.
-Ба назди муфаттиш Зарифов рав, ҳамон масъаларо тезтар ҳал кунед. Худи ҳозир ман бо сардори Раёсати ҷустуҷӯи вазорат генерал Холов гапзанон кардам. Аҳсант гуфт мефаҳмед аҳсант! - бо табъи болида гуфт Масрури Мӯсо.
-Ба кадом муносибат аҳсан гуфтанд?
-Барвақттар хестан лозим. Акнун ба назди муфаттиш рав, ҳамаашро мефаҳмӣ.
Абдумаҷдиов ба ошёнаи дуюм, ки дафтари кориаш он ҷо буд, набаромада, аз пеши шуъбаи навбатдорӣ ба тарафи чап тоб хӯрд ва лаҳзае пас вориди утоқи кории Ҳикматулло Убайдуллоевич гашт.
-Хайрият омадед, рафиқ майор, - аз ҷояш ба истиқболи Абдумаҷидов бархоста гуфт Зарифов.
-Чӣ ягон ҳодиса шуд?
-Ҳодиса ҳам гап-мӣ сенсатсия шуд.
Сенсатсия аслан ин калимаи дӯстдоштаи Масрури Мӯсо буд ва қариб дар ҳар панҷ калима онро як бор такрор мекард ва Абдумаҷидов ба хулосае омад, ки капитан Зарифов суханони муовини сардорро такрор кард.
-Хуш шунавем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор