Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шумо ягон хабар надоред?
-Не охир.
-Оташакро дидед?
-Ҳа, дар пеши шуъбаи навбатдорӣ барои дер омаданам, танбеҳам дод.
-Дигар ягон чиз нагуфт.
-Не, охир. Ҳамин хел маро ба назди шумо фиристод, ки кадом масъалаеро ҳал кунем.
-Не, ин хел намешавад.
-Чӣ хел намешавад?
-Ана ҳамин хел. Чунин масъаларо бе ташкилӣ ҳал кардан мумкин нест. Агар ташкилиро ба гардан гиред, ман гап занам, вагарна назди ҳамон Оташак рафта, аз вазъи кор бохабар шаведу пас гашта биёед, то якҷоя аз пайи иҷрояш шавем.
-Ташкилӣ ҳам гап шуд, ман розӣ.
-Ба фикрам, рафиқ майор, Оташак маъқулат нест, вагарна бе ташкилӣ ҳам аз рафти кор бохабар мешудӣ.
-Ҳар чӣ ҳам набошад, вай роҳбар аст ва мо хоҳу нохоҳ бояд ҳурматашро донем.
-Э биё мон, рафиқ майор, о шахсе ки худаш худашро ҳурмат намекунад, мо чаро ҳурматаш кунем.
-Хайр гап зан, чӣ буд?
-Пӯсткандаи гап ҳамин ки имшаб худи Оташак нафареро бо далелҳои шайъӣ бо ҷурми даст доштан дар ғорат намудани мағозаи ҷавоҳироти шаҳр дастгир карда, ба милиса овардааст.
-Ин чӣ бадӣ дорад, ба ӯ аҳсант гуфтан лозим.
-Монеъи бердиаш шавед. Ман худам ҳам дар амалиёт иштирок кардам ва ба хулосае омадам, ки ҳамон ҷавоне, ки дар ин кор ӯро муттаҳам карданӣ шуданд, гуноҳе надорад.
-Чӣ хел мешудааст, ки бо далелҳои шайъӣ ва бе гуноҳ.
-Ман ӯро напурсидам, чунки Оташак вайро ба дафтари кории худаш бурд ва то субҳи солеҳон ҳамроҳаш кор кард, вале ман чӣ гуфтанамро медонам. Сари субҳ бошад, ӯ омада талаб кард, ки карточкаро дар бораи кушодашавии ҷиноят имзо намоям. Ҳарчанд фаҳмондам, нашуд. Гуфт ки то нисфирӯзӣ ҳамроҳи Абдумаҷидов ҳамин масъаларо ҳал кунед.
-Чӣ ин қадар шитобкорӣ?

пешина
аз 429
навбатӣ