Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдумаҷдиов лаҳзае худро ба ҷои ана вай пораи абри сафед дид. Ӯ бисёр мехост, ки ба тӯдаи абрҳои калонтар ҳамроҳ шавад, вале он абрҳо аз ӯ дурӣ ҷустанд ва интиҳои талошҳои хешро бебарор дид...
Ба пораабрҳо осонтар аст, чунки онҳо манфиати шахсиро не, мафиати умумро ба инобат гирифта, ба коре даст мезаданд, вале ба заминиён ин кор душвор, бинобар он ки дар мадди аввал онҳо манфиати шахсиро мегузоранд, ҳар кас каппаи ман аз гӯша аст, манро ба кори умум чӣ нисбат мегӯяд, ё зарари ин кор ба ман нарасидааст, пас чаро ман ба кори беҳуда даст занам будаст, мегӯяд ва дар интиҳо ҳамҷинси дарандаи онҳо ба фисқу фасод даст мезанад, чунки хулқу атволи ҳамҷинсони манфиатҷӯи хешро нағз медонад ва ӯ медонаду дави аспаш...
Эй кош одамизод, ҳам мисли абрпораҳо муттаҳид мешуду барои манфиати умум, барои ояндаи насли инсоният, теша бар решаи галаи гургон ки дар забони одамӣ чун гурги дупо (ҷинояткор) ёдрас мешаванд, мезад. Вале ҳамаи ин ба ҷуз хаёли ширин чизи дигаре набуд ва сабаби амалӣ нашудани ин орзую омол нафси одамизод буд ва ҷинси одамиро Офаридгор на танҳо ақли солиму расо, балки нафси бузурге ато фармуда...
Не, нафс на танҳо дар одамизод, балки дар тамоми ҳайвоноту набототи олам ҳаст, вале нафси ҳама маҳлуқоти олам ба ҷуз одамӣ танҳо барои зинда мондан аст. Ҳамон гурге, ки дар боло тасвираш рафт, агар сер бошад, ҳаргиз ба шикор намебарояд, чунки Худованд дар нафси ӯ қаноат ато фармуда...
Абдумаҷидов тамоми роҳ ба мардуми роҳгузар назора карда, онҳоро дар такопӯй дид. Одамӣ бархилофи дигар махлуқоти олам танҳо бо хӯрдану ошомидан қаноат намекунад. Ӯро пӯшидан лозиму кушку қасрҳо сохтан зарур, баҳри рӯзи мабодо захира кардани молу пул ҳам ба зиммааш ва ҳар қадар диду соҳиби молу пул гашт, боз нафсаш боло мегираду захираро дучанду даҳчанд кардан мехоҳад. Ва оне ки ғуломи нафс мегардад, виҷдону имонашро ҳам мефурӯшад, чунки қаноат дар нафси ӯ гум шуда ва шояд баъди марг бо хоки гӯр он нафси дарёмонандаш пур шавад...
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ тайи солҳои дар милиса кор карданаш бо ҳама гуна табақаҳои аҳолӣ сару кор дошт ва медид, ки онҳое, ки даст ба ҷиноят мезананд, қариб аз нисф зиёдашон мутеи нафс гашта...

пешина
аз 429
навбатӣ