Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Аминам, ки манро мефаҳмед?
-Албатта, то ба андозае шуморо фаҳмида истодаам. Шумо нақлатонро давом диҳед, пас мо сари ин масъала гуфтугӯ мекунем.
-Ман аз ташхиси мондаи Фарҳод чӣ кор карданамро надонистам, дилам ба Намози бе касу кӯй, вале зиндадил сӯхт ва аз ҳамшаҳрам хоҳиш кардам, ки дар табобати Намоз ёрӣ диҳад ва банда як умр дар хизмати ӯ мешавам. Бояд иқрор шавам, ки агар Намоз зинда мемонд, бе ягон шаку шубҳа чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини самбо мешуд, вале афсӯс ки Фарҳод риштаи умри ӯро осонакак бурид.
-Чӣ хел?
-Чӣ хеле гуфтам, ташхиси тиббӣ дар гурдаҳои Намоз касали саратонро муайян кард ва табиби “ҳозиқ” ба ман фаҳмонд, ки бе ҷарроҳӣ аз ин касал халос шудан мумкин нест. Чун Намозро ба рафти воқеаҳо огоҳ намудем, ӯ ҳам барои ҷарроҳӣ розигӣ дод.
Охир садҳо чунин беморон баъди ҷарроҳӣ сиҳат шуда аз беморхона баромаданд. Ба ҳар ҳол ман чун вориси Намоз шогирдро ба табиб ва табибро ба Худо супоридам.
Баъди ду рӯзи ҷарроҳӣ Намоз ҳамон ҷавони зиндадил ба худ наомада, бо олами ҳасти падруд гуфт. Натиҷаи ташхиси гисталогӣ ҳам ба касали саратони гурда гирифтор будани гурдаҳои Намозро тасдиқ кард. Вале дар асл ин хел набудааст.
-Аз куҷо фаҳмидед?
-Ба ҷуз ман дар давоми як ҳафтаи дар беморхона будани Намоз духтараки малламуи мавзунқомате мафтуни Намоз гардида будааст. Ҳарчанд он духтарак дар рафти ҷарроҳӣ иштирок накардааст, вале ӯро дугонааш аз рафти воқеаҳои дар мизи ҷарроҳӣ рухдода огоҳ намудааст...
-Хуш, чӣ хел будаанд он воқеаҳо?
-Якум, ин ки табиби номӣ ҳангоми ҷарроҳӣ маст будааст ва шояд ҳамин сабаби марги Намоз гаштааст. Дуюм, ин ки дар гурдаҳои Намоз касали саратони гурда ҳам набудааст ва баъди кушодани ҷасад ташхиси аввала тасдиқи хешро наёфтааст. Сеюм, ба мақсади пинҳон кардани ҷиноят, чунки табиби номӣ дар ҳолати масти рагеро захмӣ намуда, онро надида ҷарроҳиро ба охир расонидааст ва маҳз ҳамин ҳолат Намозро ба ҳалокат расонидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор