Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Пас аз ҷарроҳӣ барои исботи фикри хеш ба тадқиқоти гистологӣ намунаро аз гурдаи дигар кас, ки ба касалии саратони гурда гирифтор будааст, фиристодааст, ки дар ташхиси баъдиҷарроҳӣ ташхиси пеш аз ҷарроҳӣ мондаи табиби ҳозиқро дуруст шуморидаанд..
Воқеаҳои ба сари ҷавони дӯстдоштааш, омадаро ҳамон духтаре, ки ба Намоз дил дода буд, ба ман нақл кард. Бовар кунед, дарди он духтар дар он шабу рӯз нисбати дарди ман хеле ҳам бузург буд ва ман ба ӯ бовар карда, талаби кушодани ҷасадро намудам. Тадқиқоти паталогию анатомӣ, ки бо талаби ман сурат гирифт, ҳақиқатро рӯи об баровард. Маълум шуд, ки Намоз ба ягон касалии саратони гурда мубтало набудааст ва дар ин ҷо табиби ҳозиқ ба хатои ҷиддӣ роҳ додааст. Аз болои Фарҳоди Аваз парвандаи ҷиноӣ оғоз намуданд ва дафтари аъмолашро варақ заданд. Ростӣ гап, он чӣ ки ман шунидам, мӯи баданам рост хест.
Барои шӯҳрат шуда Фарҳод Аваз ба чӣ корҳое даст назадааст ва дафтари аъмоли ӯро муфаттиш Сафарзода варақ зада, ӯро суд ба муддати дувоздаҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Дигар унвони номзади илмҳои тиб доштанаш ҳам ба дардаш даво нашуд. Ман ҳамон вақт ба қонун ва қонундорӣ бовар кардам. Хайрият қонун буду ӯро ба ҷояш шинонд, вагарна кӣ медонад ӯ боз ба чӣ номаъқулиҳое даст намезад ва аҷаб набуд, ки то имрӯз доктори фанҳои тиб ё академик нашавад.
-Ҳамон духтари гуфтагиатон дар суд шоҳидӣ дод?
-Кадом духтар?
-Ҳамоне, ки ба Намоз дил дода будааст ва шуморо бо рафти воқеаҳо огоҳ намуд.
-Не.
-Чаро?
-Чунки ӯ аввал бо ман суҳбат намуда, боварӣ ҳосил кард, ки номашро ошкор намесозам ва танҳо баъди ин суханони дугонаашро, ки дар вақти ҷарроҳӣ иштирок доштааст, ба ман гуфт.
Умуман, ман худам ҳам нахостам, ки номи он духтар ба бадӣ хезад. Барои ҳамин ман ному насаби он касро пинҳон доштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор