Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Вале дугонааш дар суд иштирок карда, маст будани ҷарроҳро тасдиқ кард...
-Тадқиқоти гистологӣ чӣ хел шуд?
-Тафтишот мӯйро аз хамир ҷудо кард ва Фарҳоди Аваз худаш булбулвор ҳамаашро иқрор шуд, ки ба тадқиқоти гистологӣ аз узвҳои гурдаи дигар кас намуна фиристодааст.
-Акнун шумо аз ҳамон кас домангиред?
-Домангир-ку не, вале ман мехостам донам, ки Фарҳоди Аваз дар айни вақт ба чӣ корҳо машғул аст?
-Албатта, мо сари ин масъала бармегардем ва агар рафту лозим шавед, шуморо ҷеғ мезанем.
Холи Баҳром фаҳмид, ки соҳиби дафтари корӣ ба суҳбат нуқта гузошт, бинобар ин аз ҷой бархоста бо Абдумаҷидов худоҳофизӣ намуда аз дар баромад...
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ баъди рафтани мусоҳибаш сари мизи корӣ даст ба пешона бурда, ба андеша рафт. Аслан дигар шаку шубҳае дар суханони Хубон Сабзаева намонда буд. Он чи ки ӯ Фаттоҳро имрӯз наёфт, дигар боиси таассуф ҳам набуд. Маҳз ӯ ҳамон ҷарроҳеро ҷустуҷӯ дошт, ки Хол Баҳромов низ аз ӯ хавф мебарад ва дар ҳодисаи ба сари хонадоаш омада ба таври ростхата ҳам набошад, ғайримустақим гунаҳкор медонад. Аз чунин палидҳо ҳар корро интизор шудан мумкин. Модоме ки ӯ барои шиҳрату шон ба одамкушӣ даст задааст, пас гирифтани қасд барояш ҳеҷ аст.
...34...
Асрор акнун қаҳрамони афсонавиро мемонд. Ӯ ки аслан дилбохтаи филмҳои криминалии ғарб буд, баъди гузаронидани амалиёт дар дӯкони ҷавоҳирот ва ба “нафақа” гуселонидани ба нақшагирандаи амалиёт ва боз чӣ тавр ба доми бало тела додани ҳамдеҳааш Давлати Хол ба бузургии филмҳои хориҷӣ тан дод. Дар айни вақт ӯ аз қаҳрамонҳои филмҳои криминалии хориҷӣ ҳам камӣ надошт. То ҳанӯз он сад доллари амрикоӣ, ки аслан дар он расми шоҳ Линколн тасвир шуда вале мардум ҳама ба ҷои доллар гуфтан номи президенти аввалини ИМА Вашингтонро ба забон мегиранд, дар кисаи чапи куртааш дар болои дилаш мехобид. Аслан ҳоло он чи ки дилашро ба зиндагӣ гарм мекард аз нӯги хамир фатир буд ва чун ба қавли Фарҳоди Аваз милиса ҳисобашро бо Давлати Баҳром баробар мекард, ӯ метавонист нисфи он маблағи ба яғмобурдаро соҳиб шавад ва аз рӯи салоҳдиди хеш онро сарф намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор