Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агар милиса бо Давлати Хол ҳисобашро баробар мекард, онҳо бо як тир ба қавле ду нишон мезаданд. Якум, баъди ба ҷавобгари кашидани Давлати Хол ӯ ва Фарҳоди Аваз дар соя мемонданд ва ба гумон буд, ки дигар касе барои муайян кардани ҳолати аниқи кор кӯшиш ба харҷ диҳад. Дуюм, Фарҳоди Аваз ҳисобашро бо ҳамдеҳааш Хол Баҳромов ва ӯ Асрори Аҳрор - набераи бобои Камолиддин ҳисобашро бо Давлати Хол, ки ҳамеша чи дар хондан ва чӣ дар зиндагӣ баҳри ӯ намуна буд ва бобояш як умр набераи худашро монда, набераи Баҳромро таърифу тавсиф мекард, баробар мекард.
Вале барои ӯ ба маҳкама кашидани ҳамдеҳааш имконияти дигаре ҳам фароҳам меовард. Ҳарчанд Давлат рӯирост иқрор нашуд, вале фаҳмидани сири дили ӯ он қадар душвор ҳам набуд. Маълум буд, ки Давлат ба Рафоат дил бохта...
Ва на танҳо Давлат...
Чун ӯ дар ҷайбаш будани он коғази сабзи қиматнокро ҳис кард, мақоли халқии “як рӯз бошу хурӯс бош”-ро ба ёд овард ва ба ҷустуҷуи Рафоат - ҳамон ҳамсабақи зебову қашанги Давлати Хол баромад ва орзую ҳавас ӯро то дари факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи миллӣ бурд ва чун занги дарси охирон садо доду, донишҷӯён берун омаданд, ӯ нафареро дид, ки ҳамроҳи Рафоат аз дари бино берун шуд ва қариб буд, ки дилаш аз тапиш монад. Ҳамроҳи Рафоат Давлати Хол меомад...
Ӯ бо азобе худро паҳлуи девори бинои шафат гирифт ва Давлату Рафоат саргарми суҳбати хеш аз паҳлуяш гузашта рафтанд.
-Ҳама корҳо расво шуданд,-зери лаб ғурунгос зад Асрори Аҳрор ва лаҳзае пас ба самти муқобили ҳаракати Давлат ва Рафоат қадам гузошт.
Асрори Аҳрор дар кӯчаҳои шаҳр хело қадам зад. Аз он чӣ ки Давлати Хол ба дарс омада буд, нишонаи хуб ҳам набуд. Ҳарчанд ӯ саводи кофии ҳуқуқӣ надошт, вале баҳри фаҳмидани ҳақиқати ҳол ақлаш мерасид. Асрори Аҳрор худро бар он лаънат хонд, ки ба гапи Фарҳоди Аваз гӯш дода, чизҳои дуздидашударо бурда ба хонаи он ҳамдиёраш монд ва ана натиҷааш. Агар милиса ба бегуноҳии Давлати Хол бовар намекард, ҳаргиз ӯро сар намедод ва модоме ки ӯро сар додаанд, албатта, дар ҷустуҷӯи ҷинояткорони асосианд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор