Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди як сол онҳо ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданд ва Шаҳригул дар шаби дуюми арӯсиаш қавл дод, ки то шавҳараш рисолаи номзадиашро ҳимоя накунад, дар бораи таваллуди фарзанд фикр ҳам нахоҳад кард. Баъди чор соли зиндагии якҷоя Фарҳоди Аваз рисолаи номзадии хешро дифоъ намуда, номзади илмҳои тиб шуд вале Шаҳригул ӯро ором кунонида гуфт, ки мо худ бачаем, ҳоло бачаро чӣ кор кунем ва то рӯзи ба маҳкама кашидани шавҳар ӯ фигураи хеш вайрон накард...
Мегӯянд, ки танҳо фарзанд риштаи муҳаббати зану шавҳарро мепайвандад ва чун ин ришта дар муддати шаш сол дар оилаи Фарҳоди Авазу Шаҳригул пайваст нашуд, дар он рӯзи сахт зан бевафоӣ карда, ӯро одамкуш гуфта, дар байни мардум ба рӯяш туф кард...
Ӯ саргарми хаёлоти хеш нияти ба тарафи муқобили роҳ гузаштан дошт, вале баробари аз дур шунидани садои огоҳкунандаи мошин беихтиёр дар ҷояш истод. Лаҳзае чанд ба самти ҳаракати мошинҳо, ки нури чароғҳояшон пардаи зулмотро медарид, назар афканда, ниҳоят ба қафо баргашта, ба тарафи гузаргоҳи пеши чорроҳа ҳаракат кард...
Ҳанӯз вақти аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромадан садои мусиқӣ ба гӯшаш расид ва чун вориди тарабхона гашт, мардумони зиёдеро дид, ки дар ҳавои форами мусиқӣ рақс доранд.
Ӯ ба тарафи мизи иҷорагирифтаи хеш рафт ва навиштаҷоти болои миз “Банд аст”-ро гирифта чаппа монд. Аслан ин суханон гӯё баҳри ӯ дахле ҳам надоштанд. Миз ниҳоят дар мавқеи қуллай ҷойгир буд, вале ҳамон навиштаҷот онро аз ҳама гуна “балою офатҳо” баҳри ин ду дилдода нигоҳ медошт.
Фарҳоди Аваз ба курсӣ нишаст ва ба аҳли толор назар кард, ҳама саргарми кори хеш - гурӯҳе машғули рақсу бозӣ, гурӯҳе сари мизҳои пур аз кабобу шароб машғули суҳбат...
Ниҳоят Малоҳат аз ошхона бо лаълии калоне берун шуд ва ба тарафи муқобил рафт. Духтар ӯро бо як нигоҳ хайрамақдам гуфт ва аз он лабҳои хомӯшу нигоҳи ҷаззоб ӯ он қадар сатрҳо хонд, ки тасвираш дар ягон китоб намеғунҷад. Пешхизматдухтар чун кори хеш дар мизи муқобил ба анҷом расонид, сари қадам назди мизоҷи доимии тарабхона омад ва ҳамон хел хомӯш бо нигоҳ ба тарафи мизоҷ нигарист, ки Фарҳод ба нигоҳи хомӯшу пурасрори ӯ тоб наоварда пурсид:

пешина
аз 429
навбатӣ