Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Маҳз ҳамин тир мавҷи хаёлоти ӯро чун боди серуни ин шаби даҳаи дуюми моҳи апрел ба дуриҳо бурд...
Баъди хатми донишгоҳи тиббӣ ӯ ба ҳайси лаборант дар донишгоҳ монд ва бо ёрию дастгирӣ мудири кафедраи урология ба аспирантура дохил шуд. Баъзан шабона дар шуъбаи урологӣ навбатдорӣ мекард ва таҷрибаи кории хеш меафзуд. Вохӯрии ӯ бо Шаҳригул маҳз дар шуъбаи урология сурат гирифт. Шабе ҳангоми навбатдории ӯ марди тахминан чил-чилупанҷсолаеро ба шуъба оварданд, ки аз дарди сахти гурда чун мор ба худ мепечид.
Ҳамроҳаш хешу ақрабояш ҳам омада буданд ва нигоҳи ҷаззоби духтари паричеҳрае қалби ӯ бишкофт.
Шояд дар он лаҳзаҳо нигоҳи имдодҷӯёнаи духтар баҳри наҷоти падар буд, вале ӯ он нигоҳро чун тири муҳаббат ба қалбаш бархӯрда қабул кард. Ҳарчанд ӯ дар ҷарроҳӣ иштирок накард, вале духтар шифоёбии падарро ба кӯшишҳои ҳамин духтури ҷавон нисбат дод, бехабар аз он ки ҳамаи давутозҳои Фарҳод дар он шаби тор ба хотири мулоим кардани дили духтар буд...
Шаҳригул дар вохӯриҳои минбаъда ӯро чун Ширин дӯст дошт ва ишқи ҷарроҳро чун ишқи Фарҳоди кӯҳкан пазируфт...
Баъди шикастани суханони модар падараш ба хонаи Шаҳригул ба хостгорӣ рафт ва хешу ақрабои духтар, ки аллакай ин ҷарроҳи ояндадорро мешинохтанд, бе ягон дудилагӣ баҳри издивоҷи духтарашон бо Фарҳоди Аваз розигӣ доданд...
Азбаски падару модари духтар хурофотпараст набуданд, то тӯй ҳам ҳеҷ гоҳ садди роҳи вохӯриҳои духтарашон бо домоди оянда нашуданд. Ӯ гоҳ-гоҳ ба Шаҳригул занг зада, ӯро ба тамошои шабона даъват мекард ва ана мисли ҳамин ҷавону он духтаре, ки лаҳзае пеш аз паҳлуяш гузашта рафтанд, онҳо паҳлуи ҳам дастобадаст дар кӯчаҳои шаҳр то дер гоҳ сайругашт мекарданд...
Шаҳригул дар ақлу заковат беҳамто буд ва аз ҳамаи он озодиҳое, ки волидайн баҳраш муҳайё карда буданд, чун баъзе духтарони сабукпо истифода набурд. Ӯ аслан ҳадди хеш медонист ва намехост, ки сари падару модар ба замин занад. Тайи як соли вохӯриҳо ӯ ҳатто ба ҷавони дӯстдоштааш собит намуд, ки то чӣ андоза шарафи хеш ва падару модарро пос дошта метавонанд ва муҳаббати ҷавонро нисбати хеш дучанд кард...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор