Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Маҳз ҳамин шахс аз ба Бишкек рафтани тоҷир хабардор будааст ва боварии кул доштааст, ки Дон Жуан ва Матлубаи Гурез чунин як фурсати муносибро ҳаргиз аз даст нахоҳанд дод.
-Аҷиб.
-Чияш аҷиб?
-Андешарониҳои шумо.
-Нуқтаи назари хешро ман ба души касе бор карданӣ нестам, хоҳед бипазиред, нахоҳед не.
-Охир Мирзои Абдураззоқ ҳамсари зебо ва ду тифли дастрӯяке дорад, шояд як хато кард ва ҳамин хато сари сабзашро ба бод дод.
-Гургро ҳар қадар парвою парвариш намоӣ ҳам, вай аз ду сар ба ҷангал нигоҳ мекунад ва майли сайругашт дар ҷангал аз сараш дур нахоҳад шуд.
-Чӣ илоҷ, модоме ки чунин аст, пас аз рӯи таҷрибаи хеш амал намоед,- гӯён Спартак ба мусоҳибаи хеш нуқта гузошт.
Ман аз ҷой бархеста ба сӯи дар қадам задам.
-Боз як дақиқа,- гуфт муовини сардор ва банда каме ҳам бошад таваққуф намудам, то бифаҳмам эшонро чӣ дардест дар ниҳод.
-Гумон мекунам, ки ҳамин назарияи пешниҳоднамудаи шумо ба ҳақиқат наздиктар аст,- гуфт Сафар Бобохонович.
Банда дигар каломе ба забон наоварда аз дафтари кории вай баромадам...
...3...
Баъди суҳбат бо Спартак дигар сари мизи кори нишастану андеша намудан маъние надошт.
Суханони охирини муовини сардор “Гумон мекунам, ки ҳамин назарияи пешниҳоднамудаи шумо ба ҳақиқат наздиктар аст,”- чун путк дар гӯшам садо медоду садо.
Назарияи кадоме аз мо ба ҳақиқат наздиктар буд, танҳо Худо медонист, вале як чиз мусаллам буд, ки Сафар Бобохонович бо ҳамин як сухан дасту пойи маро баст.
Ба таври дигар гӯем, Спартак тамоми масъулиятро ба зиммаи банда вогузошт. Рафту агар назарияи пешниҳоднамудаи банда тасдиқи хешро ёбад, ӯ низ ҳаммуаллиф дар пешниҳоди он хоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё