Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Лаббай.
-Имрӯз ба суроғи Фарҳод омада буданд.
-Аз милиса?
-Не, аз комиссариати ҳарбӣ.
-Кош ӯро ёфта, ба армия мебурданд.
-Агар писаратро аз хона намерондӣ, ба армия мерафт.
-О, ман вайро ду сол пеш хостам ба армия фиристам, вале ӯ гурехта ба Русия рафт, ё гумон дорӣ, ки баъди ин ҳама оворагардиҳо Фарҳод соҳибақл гашта, дар замираш нангу номуси ватандорӣ бедор шудааст?
-Намедонам, вале беҳтар мешуд, ки мо ӯро ёфта, ба армия мефиристодем.
-Ин ба гуфтан осон ва хуб мешуд, агар ҳамон комиссариати ҳарбӣ вайро дар “облава” дастгир мекард, вагарна мо худ ӯро ёфта наметавонем.
-Кош ӯро дастгир мекарданд.
-Рафту агар даҳ сол пеш нафаре мегуфт, ки фалонӣ ё бисмадонӣ аз рафтан ба хизмат саркашӣ кардааст, бовараш намекарданд ва акнун ҳамин амали ноҷойро дар рафтори писари худамон ҳам дидем. Ё тавба, мо то ба куҷоҳо расидем?

  • афсӯс хӯрд падари Фарҳод.
    -Замона ҳамин хел ва мисли Фарҳод барин нафарони аз хизмати Модар – Ватан гурехта даҳҳо не, садҳо нафаранд.
    -Ин ҳама як баҳонаест, ки Фарҳод барин ношукрҳо фикр карда баровардаанд ва то ҷамъият аз чунин афрод пок нашавад, мардум осуда нафас гирифта наметавонанд.
    -Худо бигира забоната! Наход падар шуда, чунин каломро ба забон оварӣ, дар ин ҷода танҳо писарро гунаҳкор намудан аз рӯй инсоф нест, чунки мо худ дар тарбияи вай ба саҳланкорӣ роҳ додаем.
    -Ҳаромзода бувад фарзанди эшон ва гӯё гузаштагонамон ҳамин каломро маҳз барои ману писарам Фарҳод гуфта бошанд. Саратро ҳамроҳи ман сафед намудӣ. Оё боре дидӣ, ки ман шароб нӯшида, дар ҳолати мастӣ ба хона омада бошам?
    Ё ягон ҳамсоя аз болои ман, ки вайро бе асос гапҳои пасту баланд гуфта бошам, шикоят кард? Канӣ, гап зан!
пешина
аз 441
навбатӣ