Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд, - паст наомада гуфт модари Фарҳод.
-Яъне гуфтанӣ ҳастӣ, ки чунин шикоятҳо буд?
-Буд ё набуд, дар ёдам нест, вале боз мегӯям, ки мо дар тарбияи Фарҳод ба хатои ҷиддие роҳ додаем.
-Худованд ба ҳама фарзанд доду ба мо душман, - оҳи сарде аз дили пурдард баровард марди хона.
-Душмане, ки ба сари ҳар тори мӯяш ларзонем, - бо нӯги рӯймол ашки чашмонашро пок карда истода гуфт модар...


Дар маҳфиле, ки хуршед андар шумори зарр(а) аст,
18 Худро бузург дидан, шарти адаб набошад.
-Алло, алло...
-Гӯш мекунам.
-Шеф, ин шумо?
-Шаф-шаф накарда гӯй, ки чӣ гап шуд?
-Мудири анборро дастгир карданд.
-Чӣ гуфтед?
-Мегӯям, ки мудири анборро дастгир намуданд.
-Он худоношинос кӣ будааст, ки ба рӯйи ман чанг зад ё аз ҷонаш сер шудааст?
-Намедонам, гуфтанд ҳамагон дар рӯяшон ниқоб доштанд.
-Мудирро ба куҷо бурданд?
-Ба милисаи ноҳияи Сарчашма.
-Ин тарафи масъаларо ман мебинам, бачаҳоро огоҳ намоед, то корро аз рӯй варианти эҳтиётӣ ба роҳ монанд!
Хуморов гӯшакро ба ҷояш гузошта, ба таҳлили кори “синдикат” – и ташкил намудааш шуд. Дар анбор зиёда аз чилу панҷ килограмм маводи сахттаъсири героин, ҳафт килограмм афюн ва қариб се ҳазор дона чарс боқӣ монда буд, ки маблағи беш аз сад ҳазор доллари амрикоиро ташкил медод. Ин аввалин шикасти “синдикат” дар байни ду соли охир буд ва кадом худобехабаре ба рӯйи вай чанг зад.

Шеър аз Ҳофизи Шерозӣ.

пешина
аз 441
навбатӣ