Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Эрик тайи ду моҳ сари ҳодисаи ба сари Маргарита омада андеша кард ва баҳри зарба задан ба ширкати онҳое, ки “гули марг” мефурӯшанд, дар замираш нақшаи “ҳисобу китоб”-ро тартиб дод. Сипас ӯ чор грамм маводи сахтаъсири героин харида, дидаву дониста худро ба чанги милиса андохт ва ниҳоят “хизмати хешро” дар ҳамин самт ба милиса пешниҳод кард...
Аз фаъолияти пешгирифта ва хунсардии Рура ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ангушти ҳайрат мегазид.
Хабарҳои пешниҳоднамудаи вай баъзан нобовариро ба миён меовард. Дар чунин ҳолат Сорбони Ҳомид ба ёрии сарвари милиса муҳтоҷ мешуд. Сорбони Ҳомид аз он дар шигифт буд, бо чунин хунсардӣ рӯзе ба сарии Рура ягон балоеро наорад.
Дастам Қосим бошад дар чунин мавридҳо; - “барраи нар аз шиками модараш қурбонист” гуфта, таъби бе ин ҳам тираи зердастро тиратар месохт ва ё шояд ӯ капитани милисаро бо чунин калом ба сабурӣ даъват мекард. Дар асоси хабарҳои Эрик Рура, ки бо лақаби “Весовшик” ба милиса ворид мешуд, имкони дастгир намудани даҳҳо нашъаҷаллобони хурд аз қабили Қаюмарс, Зураб, Коно, Фарҳод, Қубод ва Салим ба миён омад, вале ба хотири ҳифз намудани худи хабаркаш амалиётҳои дастгиркунӣ дар ин самт ба таъхир андохта мешуд.
Боре Рура дар ин бора эътироз баён намуд, ки милиса ба вай боварӣ надорад, вагарна чӣ тавр метавон ба хабарҳои бо нархи ҷон ба дастовардаи вай аз паси панҷа нигарад. Ба хотири он ки “Весовшик” саҳнаро тарк накунад, рӯзи 25 сентябр дар яке аз хонаҳои конспиративӣ сарвари милиса бо Рура вохӯрд...
Амалиётҳои минбаъдаи Рура саргузаштҳои Илёс Базнаро19 ба ёд меовард. Ӯ дар ба даст овардани хабарҳои оперативӣ он қадар ҷоннисориҳо мекард, ки хабаргирандагон имкони дурусти санҷидан ва коркарди онҳоро надоштанд. Ба “Весовшик” муяссар шуд, ки ба истиснои ду-се нафар сарварони “синдикати ҷиноӣ” дар бораи дигар
19
Нигар ба китобҳои Людвиг Мойзиш “Операция Цицерон” ва Илёс
Базна “Я был Цицероном.” Воениздат Москва 1965.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо