Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

шарикандардастони он, ки дар миқёси шаҳр “фаъолият” доштанд, мавод гирд оварад...
Маълумотҳои аз “Весовшик” гирифтаро варақ зада, Дастам Қосим бо хабарҳое рӯ ба рӯ мешуд, ки ҳақиқӣ будани он дар замираш шубҳаро бедор мекард, чунки хабаркаш дар пойдории “синдикати ҷиноӣ” саҳми бевоситаи соҳибмансабони алоҳидаро аз мақомотҳои гуногуни тафтишотӣ дарҷ намуда буд.
Дар яке аз ҳамин гуна хабарҳо омада буд, ки соли гузашта гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст доранд, барои ба мандати депутатӣ ноил гардидани бародари прокурори ноҳияи Сарчашма Абдулваҳҳоб Усмон на камтар аз 50000 сомонӣ харҷ намуданд ва акнун прокурорро пушту паноҳи хеш медонанд.
-Ин бача аз ҳад гузаронд, шояд шахсияти ӯро муайян намудаву баҳри низоъ андохтан дар байни ин ду мақомот ба вай хабарҳои бардурӯғу иғвоангезро дода истодаанд, - баъди шиносоӣ бо хабарҳои нав Сорбони Ҳомидро ба дафтари кориаш даъват намуда, изҳори нигаронӣ намуд сарвари милиса.
-Хабарҳо дурустанд ва набояд ба онҳо аз нигоҳи нобоварӣ ва шубҳа нигарист, - сарвари милисаро бовар кунонидани шуда гуфт нафаре, ки аз Рура хабарҳоро қабул мекард.
-Ин бача чун балои ногаҳонӣ ба сари мо омад. О, мо ба вай доираи фаъолияти муайянеро фармудем, яъне овардани саларо ва мебинам, ки вай саларо дар якҷоягӣ бо калла оварда истодааст. Шояд ӯро дар замираш нисбати ашхосе ки номашонро сиёҳ намудааст, хусумате ҳаст ва моро низ дар ин “бозиҳои пасипардагиаш” истифода бурданист. Рафту фардо гӯяд, ки Дастам Қосим ва Сорбони Ҳомид ҳам бо он “синдикат” алоқа доранд.
-Не намегӯяд.
-Аз куҷо чунин худбоварӣ?
-Чунки дар дасти онҳо маводе нисбат ба мо нест ва агар мешуд, Рура аздусар дар ин бора моро низ огоҳ намуда, барои чунин амаламон муносибаташро аз мо ва умуман аз милиса меканд.

пешина
аз 441
навбатӣ